Агентии байналмилалии неруи атомӣ эълом кард, ки Эрон воридсозии гази «гексофториди уран» (UF6 )-ро ба сентрифугаҳои насли ҷадиди IR-2m, оғоз кардааст.
Хабаргузории “Рейтерс” ба нақл аз гузориши Агентии байналмилалии неруи атомӣ навишт, Эрон 174 сентрифугаи пешрафтаи IR-2mро, ки ахиран дар таъсисоти зеризаминии «Натанз » насб кардааст, роҳандозӣ намуд.
“Рейтерс” ҳамчунин бо истинод ба гузориши Агентии байналмилалии неруи атомӣ ин иқдоми Эронро нақзи тозаи тавофуқи ҳастаии Эрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ донистааст, ки бар пояи он Эрон танҳо муҷоз ба ғанисозии уран тавассути сентрифугаҳои насли аввал IR-1 аст.
Хабаргузории “Фаронса” низ ҳафтаи гузашта бахши дигаре аз гузориши ҷадиди Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар мавриди фаъолиятҳои ҳастаии Эронро фош карда буд, ки бар пояи он мизони урани захирашудаи Эрон 12 баробари ҳадди муҷоз эълом шуда аст .
Хабаргузории “Фаронса” ҳамчунин зимни ишора ба бозрасӣ аз ду таъсисоти ҳастаӣ, ки пештар Теҳрон заминаи дастрасиро барои агентиро фароҳам кард, аз вуҷуди сеюмин таъсисоти машкук хабар дода, ки бар пояи ин гузориш Теҳрон пештар онро гузориш накарда буда аст.
Мутобиқи ин гузориш, Агентии байналмилалии атомӣ иттилоот ироа шуда тавассути Эрон дар бораи ин сайти машкуки ҳастаиро аз назари фаннӣ ғайримуътабар дониста ва хостори шаффофсозии бештари Теҳрон дар ин замина шуда аст.
Ин дар ҳолест, ки Одил Алҷубайр, вазири мушовир дар умури хориҷаи подшоҳии Арабистони Саӯдӣ гуфт:«агар барномаи ҳастаии Эрон мутаваққиф нашавад, Арабистон ин ҳақро хоҳад дошт, то худро ба силоҳи ҳастаӣ муҷаҳҳаз кунад.»
Алҷубайр, ки дар мусоҳиба бо хабаргузории олмонии “Ди-Пи-Эй” афзуд: «дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ қатъан як гузинаи пеши рӯйи мост ва дар сурате, ки Эрон ба як қудрати ҳастаӣ бадал шавад, афзун бар Арабистон, кишварҳои дигаре низ ин улгуро дунбол хоҳанд кард.»
Ӯ ҳамчунин таъкид кард ки Арабистон Саӯдӣ ҳамаи талоши худро барои муҳофизат аз мардум ва муҳофизат аз сарзамини худ анҷом хоҳад дод.
Вазири мушовир дар умури хориҷаи Арабистон дар посух ба ин савол, ки вақте Ҷо Байден раиси ҷумҳурии мунтахаби Амрико қудратро ба даст бигирад, чӣ тағироте дар қиболи фаъолиятҳои ҳастаии Эрон рух хоҳад дод, изҳор дошт: « Байден қавли бозгашт ба тавофуқи ҳастаӣ бо Эронро дода аст, аммо дар айни ҳол гуфта аст, ки талош хоҳад кард фаъолиятҳои минтақаӣ ва барномаҳои мушакии Эронро таҳти фишор қарор диҳад.»
Салмон бин Абдулазиз, подшоҳи Арабистони Саӯдӣ низ ахиран ҷаҳонро ба иттихози мавзеи қотеъ дар баробари талошҳои Эрон барои тавсеаи барномаҳои мушакиву ҳастаи ин кишвар даъват кард .