28 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат ба ифтихори ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ — 34-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба як зумра намояндагони сохторҳои қудратӣ ва низомии кишвар мукофотҳои давлатӣ, унвону рутбаҳои махсус супориданд.
Зимни суханронӣ дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба нақши Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлоли давлатӣ ва ҳифзи музаффариятҳои он андешаронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки низомиёни кишвар имрӯз низ дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлату ҷомеа, таҳкими суботу оромии ҷомеа ва тартиботи ҳуқуқӣ саҳми басо муҳимму арзишманд гузошта истодаанд.
Гуфта шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои низомии Тоҷикистон зодаи даврони соҳибистиқлолӣ буда, барои ҳимояи истиқлолу озодии кишвари азизамон ҳамеша омода мебошанд.
Таъкид гардид, ки фаъолияти пурсамар ва хизмати содиқонаи низомиён ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҷониби роҳбарияти давлат ва Ҳукумати кишвар ҳамеша қадрдонӣ мегардад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки аз рӯи анъанаи нек ҳар сол дар остонаи таҷлили солгарди истиқлоли давлатӣ хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои олии ҳарбӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Роҳбари давлат хотирнишон намуданд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хизмат ба давлат, Ватан ва халқи Тоҷикистон, яъне хизмат ба модар буда, барои ҳар як ҷавонмард қарзи фарзандӣ ва дар айни замон шараф ва ифтихор аст. Зеро заҳмати созандаи мардум ба хотири рушди устувори давлат ва ободии Ватан, инчунин, зиндагии осудаву ороми ҳар як оила ва ҳар як фарди ҷомеа танҳо дар сурати барқарор будани амнияту субот ва низому тартибот имконпазир мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба низомиён муроҷиат карда, онҳоро ба дӯст доштани миллат ва Ватани азизи худ ҳидоят намуданд.
Дар маросими тантанавии супоридани мукофотҳои давлатӣ ба истиқболи 34-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як гурӯҳ низомиён мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳо тақдим карда шуд.
Ҳамин тавр, ин навбат мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ва ҷасорату фидокорӣ” хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як гуруҳ фарзандони шуҷоъу далер бо унвонҳои фахрӣ ва рутбаҳои махсуси навбатӣ, олии ҳарбӣ, навбатии ҳарбӣ ва дараҷавӣ қадрдонӣ шуданд.
Аз ҷумла, дар ин маросим сарбозону афсарон ва дигар хизматчиёни низомӣ бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, ордени Спитамен дараҷаи II, ордени Шараф дараҷаи II, медали Ҷасорат, медали хизмати шоиста, медали Шафқат ва бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи додани рутбаҳои махсуси навбатӣ, олии ҳарбӣ, навбатии ҳарбӣ ва дараҷавӣ ба як гуруҳ хизматчиёни низомӣ” ва кормандони масъул аз Хадамоти гумрук, Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаҳои олии ҳарбӣ ва махсус, аз ҷумла рутбаи дараҷавии генерал-полковники адлия, рутбаи олии ҳарбии генерал-полковник, генерал-полковники гвардия, генерал-полковники милитсия, генерал-лейтенант, мушовири давлатии адлия дараҷаи 3, генерал-майори адлия, генерал-майор ва генерал-майори хадамоти гумрук, дода шуд.
Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ хизматҳои содиқонаи афсарону кормандони масъул, фаъолияти пурмаҳсул ва хизмати намунавии онҳо аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша қадр карда мешавад.
Дар маросими имрӯзаи супоридани мукофотҳои давлатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чор сарбози қаторӣ аз қушунҳои сарҳадӣ барои корнамоию шуҷоат дар ҳифзи сарҳади давлатӣ медалҳо тақдим намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуҷоату матонат, садоқату масъулияти баланди сарбозони ҷавонро махсус таъкид намуданд.
Ба таъкиди Роҳбари давлат маҳз ҷасурию далерӣ, зиракию ҳушёрӣ ва дарки баланди масъулият боис гашт, ки ин ҷавонон имрӯз аз байни ҳазорон сарбози Ватан бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гарданд.
Зимни суҳбати самимие, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳомиёни ҷавони Ватан доштанд, ба онҳо насиҳатҳои падарона карда, ҷавононро ба дӯст доштани Модар-Ватан ва ҳифзи содиқонаву поквиҷдодонаи муқаддасоти сарзамини аҷдодӣ ҳидоят намуданд.
Аз роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот талаб карда шуд, ки бо сарбозон чун фарзандони худ муносибат намоянд. Аз онҳо кадрҳои аз ҳар ҷиҳат обутобёфтаро тарбия кунанд.
Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи ҳозиринро бо сарфароз шуданашон бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбию махсус шодбош гуфтанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба хизмати содиқона бар нафъи давлату миллат, таъмини амнияту суботи сарзамин, риояи ҳатмии қонунияту тартибот, яъне волоияти қонун ва иҷрои бечунучарои талаботи ойинномаҳо ҳидоят намуданд.
Дар фароварди маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон карданд, ки кормандону хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, дар оянда низ тамоми донишу малака ва таҷрибаву тавоноии худро барои ободонии Ватани азизамон, пойдории сулҳу суботи ҷомеа, амнияти давлат ва осоишу оромии сокинони кишвар сафарбар месозанд.