МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ “ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ!” ДАР НОҲИЯИ СИНО

Бо мақсади иҷрои қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, дар бораи ташкил ва баргузории озмуни шаҳрии “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе” дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи М.Турсунзода аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино, маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!” бо ҷалби хонандагону донишҷӯён ва намояндагони касбу кори гуногун баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории озмун дарёфт ва муаррифии чеҳраҳои нави суханвару сухандони дорои маҳорати баланди ровигию наттоқӣ ва сарояндагию овозхонӣ мебошад.

Ҳамзамон озмун бо мақсади баланд бардоштани маҳорати иҷрокунандагӣ, ташаккули истеъдод ва ҳунари наврасону ҷавонон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо дар ин самтҳо, инчунин фароҳам овардани шароити мусоиди эҷод ва пешниҳоди шеър ва сурудҳои таҷассумкунандаи марҳилаи нави ободкориву созандагӣ ва рушди бемайлони пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ва дар ин замина эҳтиром гузоштан ба таъриху фарҳанги миллӣ гузаронида мешавад.

Муҷиддини САЙФИДДИН,
Радиои Тоҷикистон