Оғози нахустин Форум байналмилалии “Digital Tajikistan” дар Душанбе

Имрӯз, 25 ноябри 2024 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо дастгирии Агентии иноватсия ва технологияи рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бори нахуст ҳамоиши байналмилалии “ПЛАСС-Форум Digital Tajikistan” бо иштироки зиёда аз 1000 нафар намояндагони ширкатҳои бонуфуз ва мақомоти расмии давлатӣ аз 26 кишвари ҷаҳон  оғоз гардид.

Ҳадаф аз баргузории Форуми мазкур муаррифии имконият ва зарфиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рақамикунонии инфрасохторӣ давлатӣ, бахши хизматрасониҳои молиявӣ, инчунин табодули таҷриба бо мутахассисони байналмиллалӣ вобаста ба рушди саноат ва тиҷорати рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардида, иқдоми навбатии ҳукумати кишвар ҷиҳати рушди иқтисоди рақамӣ дар мамлакат мебошад.

Пеш аз баргузории форум, Агентии инноватсия ва технологияи рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтаи “Инноватсия ва табдили рақамии Тоҷикистон”-ро ташкил намуда буд, ки мақсади ин чорабинӣ муаррифии технологияҳои рақамӣ ҳамчун бахши муҳими рақамисозӣ дар кишвар, рушди хизматрасониҳои электронӣ ва ҳукумат электронӣ, рушди технологияҳои нав, аз ҷумла финтех, таъмини амнияти кибербехатарӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ буд.

Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир дар соҳаи рақамисозӣ, аз ҷумла модернизатсияи ҳукумати электронӣ, таъсиси низоми пардохти миллӣ ва рушди технологияҳои молиявӣ пешравиҳои назаррас намоиш медиҳад.