Имрӯз дар шаҳри Кӯлоб Форуми байналмиллалии сармоягузории “Дурнамои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба оғоз гардид.
Дар форум намояндагони вазорату идораҳои кишвар, созмонҳои байналмиллалӣ, сарсоягузорони дохиливу хориҷӣ ширкат доранд. Форуми сармоягузориро мушовири бахши иқтисодии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иноятулло Қосимзода бо суханони ифтитоҳӣ оғоз намуда, оид ба рушди иқтисоди миллӣ ва нақши бахши хусусӣ дар ин самт, дастгириҳои давлатӣ, имтиёзҳои давлатӣ ба соҳибкорон, рушди иқтисоди сабз дар кишвар ширкаткунандагонро ошно намуд.
Сипас, муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ашурбой Солеҳзода оид ба нақши минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар саноатикунонии мамлакат ва таъмини ҷойҳои корӣ маълумот дода, ҳозиринро ба форум хайрамақдам гуфт.
Роҳбари Намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон Холгер Вифел оид ба рушди ҳамкориҳо ва маблағгузориҳо ба лоиҳаҳаои гуногун андешаронӣ намуда, изҳор дошт, ки дар оянда боз ҳам робитаҳо тавеа хоҳанд ёфт.
Форуми байналмиллалӣ дар ҷаласаҳои пленарӣ идома хоҳад ёфт ва баъд аз қисмати расмӣ ширкаткунандагон аз МОИ Кӯлоб дидан намуда, аз фаъолияти свбъектҳои фаъолияткунандаи он огаҳ хоҳанд шуд.
Хотиррасон мекунем, дар доираи Форум Намоишгоҳи ЕХРО низ баргузор гардид, ки иштирокдорон бо маҳсулоти дар МОИ ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда ошно шуданд.
Шоистаи Аҳмад,
радиои “Тоҷикистон”
ш. Кӯлоб