Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 6 ноябр мақолае бо номи “Эмомалӣ Раҳмон асосгузори Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол” чоп кардаааст.
Муаллиф менависад, ки масъалаи таҳия ва қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон амалан, аз Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ ва интихоби Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз мегардад.
Ба таъкиди муаллиф, Ҳизби террористию экстремистии наҳзати ислом бо пайравону хоҷагони берунаи худ мехост дар Тоҷикистон давлати исломиро барпо намоянд ва бо ҳар роҳу восита халқро маҷбур мекард, ки иқдоми мазкурро дастгирӣ ва пайравӣ намояд.
Дар чунин вазъият изҳори қатъии бунёди давлати демократии дунявӣ ва ҳуқуқбунёд саривақтӣ ва тақдирсоз буда, аз ҷасорату боҷуръатии Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медод.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 6 ноябр матлабе таҳти унвони “Иқтисодиёти конститутсионӣ ва моҳияти он” мунташир карда, менависад, ки иқтисоди конститутсионӣ дарки зарурати ҳалли муаммоҳои танзими давлатиро, ки на танҳо аз ҳадафҳои иқтисодӣ, балки аз воқеияти таркиби конститусионии давлат бармеояд, тақозо менамояд.
Муаллифи матлаб, профессор Аброр Мирсаидов, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит ва муҳити мусоид барои рушди соҳибкории хӯрд фароҳам омадааст. Дар ин замина муаллиф ба омори расмӣ ишора мекунад, ки тиқби он дар кишвар шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар 7 соли охир аз 62 ҳазор ба 350 ҳазор баробар гардид.
Ба хулосаи муаллиф, таъсири манфии монополияи иқтисодӣ ва ё монополияи сармоя, ки омили боздорандаи рушди ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар мебошад, муътадил мегардад. Ҳамин тавр, ба таъкиди профессор Аброр Мирсаидов, нақши навоварии соҳибкории хӯрд ва аҳамияти иҷтимоии он чун субъекти фаъоли иҷтимоӣ имконият медиҳад, ки дар амал як қатор вазифаҳои иқтисодиёти конститутсионӣ татбиқ гардад.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 5 ноябр дар мақолае бо номи “Фарҳанги шаҳрнишинӣ. Аз ҳоли табоҳи партовгоҳҳо” чоп карда, аз вазъи партовгоҳҳо дар баъзе манотиқи пойтахт интиқод кардааст.
Муаллиф менависад, ки аксари нуқтаҳои партов дар наздикии кӯдакистонҳоянд. Магар намеандешанд, ки дар сурати сари вақт тоза нашудан, бӯйи партов ба саломатии кӯдакон зарар хоҳад расонд? Ҳоло ҳоҷат ба ҳоли зори калонсолону нафарони бемор нест.
Аз сӯи дигар муаллиф таъкид мекунад, ки мушкили дигар сари вақт тоза нашудани партовгоҳҳост. Чаро шаҳрвандон ҳам маблағи партовро пардохт намоянду ҳам бӯйи ғализи онро нафас гиранд? Кӣ бояд пеши роҳи оташсӯзӣ дар партовгоҳҳоро гирад, ки акнун ба ҳукми анъана даромаданист?
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 7 ноябр мақолае зери уновни “Бахтномаи миллат ва дурнамои давлат” чоп кардааст.
Муаллифи матлаб Абдураҳмон Аламшозода муовини якуми вазири корҳои дохилӣ менависад, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омили муҳими муттаҳидшавӣ, ҳифзи ризояти шаҳрвандӣ, сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва дарки худшиносии сокинони кишвар гардид.
Ба гуфтаи муаллиф, солҳои охир вазъи сиёсию ҷамъиятӣ дар ҷаҳон дигаргун гардида, дар ин раванд муносибатҳои ҳуқуқӣ низ дучори таҳаввулот мешавад ва бо назардошти ин тағйирот ва дигаргуниҳо нақш ва мавқеи Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ боз ҳам бештар ва қавӣ мегардад.
Ба хулосаи муаллиф, Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаи асосии рушди муносибатҳои ҳуқуқӣ дар таҳкими рукнҳои давлатдории навини тоҷикон, яъне бунёди давлати демокративу дунявӣ, соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд ва ягона, мавқеи устувор дорад.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 5 ноябр бо нашри матлабе аз имзои тавофуқномаи дар бораи долони содакардашудаи гумрукӣ миёни Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки Русия хабар дод.
Бар асоси ин созишнома миёни ду кишвар низоми содакардашудаи анҷоми амалиёти гумрукӣ ҳангоми интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт мавриди иҷро қарор мегирад.
Гуфта мешавад, ки ин созишнома имкон медиҳад, ки расмиёти гумрукӣ барои содироту воридоти бархе анвои маҳсулот, аз ҷумла меваву сабзавот ва хушкмева ба таври содда ва зуд сурат гирад.
Дар ин замина зикр мешавад, ки Русия дар миёни шарикони тиҷоратии Тоҷикистон пешсаф буда, ҳаҷми муомилоти тиҷоратӣ миёни ду кишвар дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба 1,4 млрд доллар баробар шуд, ки дар қиёс ба соли пеш 22 дарсад афзоиш ёфтааст.
Нашрияи “Азия плюс” дар матлаби дигаре хабар медиҳад, ки баъди 11 соли баҳсу баррасӣ кишварҳои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар ниҳоят Барномаи таҳкими марзи Тоҷикистон ва Афғонистон моҳи ноябр дар Остона тасвиб мешавад.
Дар нишасти сарони кишварҳои узви СПАД, ки рӯзи 28 ноябр дар Остона баргузор мешавад, барномаи мақсадноки байнидавлатии таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон ба тасвиб мерасад. Дар ин бора Имангали Тасмагамбетов дабири кулли созмон изҳор дошт.
Тасмагамбетов ҳамчунин афзуд, ки ин барнома барои панҷ сол пешбинӣ шуда, аз чанд марҳила, аз ҷумла мушаххас кардани имконот ва амалӣ кардани иқдомотро дар тамоми хати сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистонро дарбар мегирад.
Ҳафтаномаи “Ҷаҳони паём” дар шумораи 5 ноябр мақолае бо номи “НБО Роғун ва нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ” нашр кардааст. Муаллифи матлаб профессор Илёс Ғаффорзода менигорад, ки дар шароити фоҷеаҳои бузурги экологӣ, ки бар асари истифодаи сухти нафтӣ, газ ва саноати вазнин ба миён омад, обро ба манбаи тавлиди барқ табдил додан барои ҷомеаи ҷаҳонӣ манфиатҳои номаҳдуд дорад.
Ба гуфтаи муаллиф, дар шароити тағйирёбии иқлим, оби садди неругоҳи Роғун як василаи нигаҳ доштани захираҳои об дар минтақа мегардад ва дар солҳои беобӣ метавонад кишварҳои Осиёи Марказиро бо об таъмин кунад.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”