Имрӯз 15-уми ноябри соли 2024 аст. Имрӯз ва чанд рӯзи дигар рӯзҳои одиву сода нахоҳанд буд, чаро ки имсол аз мавлуди синамои тоҷик 95 сол пур шуд. Ба ифтихори ин санаи мубораку фархунда, меҳмонони зиёде аз кишварҳои мухталифи дунё барои таҳнияти мо меоянд. Дар ин рӯзҳо синамои тоҷик тӯй дорад, ҷашни шодӣ дорад. Ва тӯли 4 рӯз шаҳри Душанбе мизбони муносиби ҳамин маъракаи фаромилии синамоӣ хоҳад буд. Дар 4 рӯз чӣ мегузарад, чӣ мешавад, ин 4 рӯз ба мо чӣ мебахшад, кадом нерӯро дар худ дорад? Мо чӣ мехоҳем. “Тоҷик сомон” чӣ аст? Мақсад дар чист? Ба ҳама ин суолҳо дар ин муддат посух хоҳем ёфт. Бо мо бошед, то аз беҳтарин лаҳзаҳои нотакрори ин санаи муқаддас бенасиб намонед. Ин рӯзҳо ба сафҳаҳои таърих мераванд.
Аз Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ҳайати мукаммали меҳмонон аз ҳомили мусофиркаши худ поин мешаванд. Аҳли олам, қариб ними дунё аз ин маъракаи фарҳангӣ, яъне синамоҷашнвораи миллии “Тоҷи сомон” огаҳ ҳастанд ва онро чун ҷашни синамои тоҷикон эҳтиром доранд. Ҳоло меҳмононе, ки ба ин чорабинии синамоӣ даъватӣ ҳастанд, ба сарзамини мо фуруд меоянд. Истиқбол мегирем!
Бояд гуфт, ки имсол дар Тоҷикистон бо ташаббуси роҳбарияти олии мамлакат, дастгирии шаҳрдории Душанбе ва иқдоми камназири ҷониби Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дуюмин синамоҷашнвораи милии “Тоҷи сомон” баргузор карда мешавад. Соли рафта ин маъракаи синамоӣ ҳамчун ҷашни байналмилалӣ таҷлил карда шуд ва ба ифтихори он сана, чеҳраҳои саршиноси синамои ҷаҳонӣ ҳамчун меҳмони фахрӣ даъват шуда буданд.
Имсол бошад аз кишварҳои Белорусия, Узбекистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Россия, Эрон ва Фаронса меҳмонон дар ҳайати директорони киностудияҳо, ҳунарпешаҳо, роҳбарони ширкатҳои синамоӣ, коргардонҳо, продюссерон ва нафарони дигари олами синамо ба Тоҷикистон ташриф меоранд, то бо чашми сар ин шодмонии миллати моро бубинанд. Парвозҳо аз шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Қазон, Тошканд, Дубай, Теҳрон ва Порис ба Душанбе сурат мегиранд.
Дар синамоҷоизаи миллии “Тоҷи сомон” имсол филмҳо дар жанрҳои ҳунарӣ, мустанад, телевизионӣ ва тасвирӣ миёни ҳам рақобат хоҳанд кард. Ҳамчунин дар ин шумул филмҳое ширкат мекунанд, ки инъикосгари табиати дилрабои ватани азизамон ҳастанд. Шумораи умумии филмҳои пешниҳодгардида наздики 30 офарида дар жарнҳои гуногун мебошад. Тақозои риояи ҳатмии ширкат дар ин маъракаи муҳими синамоӣ филмҳои ду соли охир таҳиягардида мебошад.
Номҳои филмҳо
Филми мустанади «Ҳафт марвориди Шинг» – ТВ «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», “Душанбе” – коргардон Абдулҳай Зокиров, “Чилдухтарон”, “Бешаи Палангон”, Филми мусттанади “Шикастнопазир”- коргардон-таҳиягар Осим Орифпур. Филми мустанади «Фарзанди фарзонаи миллат», муаллифи филмнома Ҷонибек Асрориён, коргардон таҳиягар Иззатулло Самадов, Филми мустанади телевизионӣ «Садои Тамаддун» – муаллиф Тоҳири Асрориён, коргардон Холмуҳаммад Давлатов, Филми ҳунарии кӯтоҳи «Сарчашма» соли 2023 – таҳиягар Муъмин Латифӣ, Филми ҳунарии кӯтоҳи «Ширин» с.2024 – коргардони таҳиягар Умедахон Турсунова, Филми ҳунарии кӯтоҳи “Нафаси тақдирсоз”, коргардон Фарҳод Ғаффорпур, Филми ҳунарии кӯтоҳи “Боғбон”, коргардон Фарҳод Ғаффорпур, Филми ҳунарии кӯтоҳи “Захм”, коргардон Ватандор Шеров, Филми ҳунарии “Бубахш” – коргардон Муҳаммадрабии Исмоил, Филм ҳунарии “АНКАБУТ” – коргардон Муҳаммадрабии Исмоил, Филми ҳунарии «Осуда будан мехоҳам» – коргардон Аслам Ёдгорзода, Филми ҳунарии «Асири дуд» – коргардон Парвина Иброҳимова, Филми ҳунарии «Рўйхати сиёҳ» – коргардон Аслам Ёдгорзода, Филми ҳунарии “Зархаридон” соли 2023 – коргардони садо Хуршед Нуров, Филми ҳунарии кӯтоҳи «Дурӯғ» – коргардон-таҳиягар Ромиши Яздон, Филми тасвирии “Бозубанди паҳлавон” ва «Харгӯш ва сангпушт»-и коргардони таҳиягар Саидҳамзахонзода Фахриддинхон ва дар ин шумул як қатор филмҳое пешниҳод шудаанд, ки дар жанрҳои мухталиф миёни ҳамдигар дар ин арсаи номҷӯӣ рақобат хоҳанд кард.
Тибқи барномаи синамоҷоизаи миллии “Тоҷи сомон”, дар ин ҳамоиши синамоӣ дар қатори дигар масоили муҳими марбут, ҳамчунин як бахши он баргузории нишасти хабарӣ аст, ки ҳамин ҳоло дар толори синамоии “Тоҷикфилм” ба номи Тоҳир Собиров оғоз мешавад.
Форуми байналмилалии ҷашнвора бахшида ба 95-солагии Тоҳир Собиров
Муҳтавои Синамоҷоизаи миллии имсола аз қадршиносии чеҳраҳои калидии синамои миллии меҳан таркиб ёфтааст.
Тоҳир Собровро мо аз таърихи синамои миллии хеш бо як қатор нақшҳои офарида ва филмҳои таҳиякардааш нек медонем, мешиносем ва эҳтиром дорем. Имсол аз солгарди ин абармарди таърихии синамои миллии мо 95 сол пур шуд ва ҳоло Форуми байналмилалӣ дар ин росто сурат мегирад.
Чун анъана дарси устоду шогирд сурат мегирад. Дар ин ҷашнвора вохӯрии устоду шогирд дар марҳилаҳои аввал барои шогирдони навқадам дар масири бузурги филмсозӣ таъсири амиқ мегузорад. Суҳбатҳо, табодули афкор, аз наздик дидани чеҳраҳои калидии синамои ҷаҳонӣ, бо эшон салом кардану дасти онҳоро фишурдан чӣ арзиши волоест барои ҳар шогирди дилбохтаи олами синамо. Ҳамин лаҳазоти ширинро ба инобат гирифта, масъулин дар барномаи имсолаи “Тоҷи сомон” низ саҳифаи вижаи устоду шогирдро ба феҳристи барнома ҷо кардаанд.
Аслан пичинг чист?
Пичинг – ин муаррифии лоиҳаву филмномаҳои тоза мебошад, ки дар як сари суфраи суҳбати вижа сурат мегирад ва дар он сари як масоил ҷамъ мешаванд. Дар пичинг тибқи феҳристи маъмулӣ продюссерон дар як канори мизи мудаввар нишаста, аз ҷониби дигар рӯ дар рӯйи худ бо соҳибони лоиҳаҳо мисле гуфтушиниди хариду фурӯш баргузор мекунанд. Яъне, мақсад, лоиҳаҳо бояд ба продюссерон фурӯхта шаванд. Ҳамин аст муҳавои пичинг. Дар ин ҳамоиши начандон бузург, киношиносону мутахассисони синамоӣ нишаста, ба филномаи беҳтарин ё лоиҳаи арзанда баҳогузорӣ ва онро сазовор дониста, интихоб мекунанд. Мақсаду муҳтаво, моҳияту маънии лоиҳаҳое, ки дар пичанг муаррифӣ мешаванд, дар мадди назари аввал қарор мегиранд. Ҳоло дар рӯзҳои баргузории синамоҷоизаи миллии “Тоҷи сомон” як пичинги байналмилалӣ баргузор мегардад. Ин марҳила барои синамогарони тоҷик боз як имкони хубест баҳри сохтани филми мондагор.
Қариб 5 сол шуд, ки овозаву дарвозаҳо роҷеъ ба таҳияи филми муштараки ҷониби Тоҷикистону Узбекистон бо номи “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” бар гӯши мо мерасад. Дар феҳристи барномаи баргузории синамоҷоизаи милии “Тоҷи сомон”, ки қарор аст 4 рӯз дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе сурат бигирад, баррасии рафти омодагиҳо дар бораи ин филм сурат хоҳад гирифт.
Яке аз ҳадафҳои дигари ин ҷашнвораи миллӣ инъикоси манзараҳои зебои Тоҷикистони биҳиштӣ будааст. Ва дар ҳар мавриди баргузории он меҳмонони олиқадр аз манотиқи мухталиф ва манзараҳои дилрабои ватани мо дидан мекунанд, ки таассуроти ҳамешагии онҳо танҳо таҳазоти тамошоӣ будааст. Имсол низ дар барномаи синамоҷизаи миллии “Тоҷи сомон” меҳмононро ба тамошои шаҳри саноатии Турсунзода, шаҳри мантаҳои тавлиди нерӯи барқ – Норак, шаҳри меваҳои шаҳдбор – Ҳисор ва боғи афсонамии Ирами шаҳри Душанбе мебаранд.
Дуюмин синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” идома дорад…
Таҳияи Лутфуллои Азиз