12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави «Кӯдакистони – 2»-и деҳоти Барӯшони ноҳияи Рӯшонро тариқи маҷозӣ ифтитоҳ карданд.
Муассисаи томактабӣ 2-ошёна буда, барои 150 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст ва он дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат бо ҷалби шарикони рушд сохта шудааст.
Иншооти мазкур аз 5 ҳуҷра барои таълиму тарбия ва 5 ҳуҷраи дигар барои хоби кӯдакон, ҳуҷраи кории маъмурият ва табибон, ошхона бо 150 ҷойи нишаст ва толор барои машғулиятҳо иборат мебошад.
Барои истироҳату фароғати кӯдакон дар саҳни бино майдончаи бозии тобистона бо таҷҳизоти зарурӣ сохта шудааст.
Дар ноҳияи Рушон танҳо дар доираи ҳамин сафари Пешвои миллат 8 кӯдакистони нав ба истифода дода шуд ва фарогирии кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ ба 34 фоиз расид, ки ин беҳтарин нишондиҳанда дар миқёси ҷумҳурӣ мебошад.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин муассисаи томактабӣ 30 ҷойи нави корӣ фароҳам гардидааст.
Ҳангоми шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия дар кӯдакистони навтаъсис Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди чунин муассисаҳоро дар деҳот намунаи дастгирии сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар арзёбӣ карданд.
Тарбияи томактабӣ дар рушди малакаи зеҳнии кӯдакон нақши муҳим мебозад ва бо таъсиси чунин кӯдакистонҳои хуштарҳу муосир онҳо аз таълиму тарбия дур намонда, ҳамчун фарзандони солимфикр ба мактаб хуб омода мешаванд.
Ҳама синфхонаҳои муассиса дар фасли сармо тариқи низоми гармидиҳии мустақил, ки бо неруи барқ ва панелҳои офтобӣ фаолият менамояд, гарм нигоҳ дошта мешавад.
Ба фаъолият оғоз намудани кӯдакистони мазкур орзуи деринаи сокинони деҳоти Барӯшони ноҳияи Рӯшон ба шумор меравад, зеро дар ин деҳот талаботи кӯдакон ба боғча хело зиёд аст.
Танҳо имрӯз дар доираи сафари кории Пешвои миллат ба Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон 8 муассисаи томактабӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Сарвари давлат зимни суҳбат бо кормандони соҳаи маориф ва илм онҳоро вазифадор намуданд, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи дӯстрӯякон масъулияти баланд эҳсос намоянд.