Шарҳи муҳимтарин матолиби нашрияҳои чопи ин ҳафтаи дохили кишвар пешниҳоди шумо мегардад.
“Ҷумҳурият”-нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи рӯзи 12 ноябр аз натиҷаи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки 10 ноябр тариқи видеоконфронс баргузор гардид, хабари муфассал чоп кардааст. Нашрия менависад,ки президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷаласа ширкат ва суханронӣ карданд.
Дар ин матлаб таъкид мешавад, ки, раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхай аз Россия ба ҷониби Тоҷикистон гузашт ва давоми солҳои 2020 – 2021 Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ-ро, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳбарӣ хоҳад кард. Дар баробари ин гуфта мешавад, ки соли 2021 дар Тоҷикистон ҷашни 20-солагии таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мешаванд.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар матлаби дигаре бо номи “COVID-19: Сайёҳӣ дар давраи пасобуҳронӣ” бо такя ба хабари Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, тӯли ҳашт моҳи гузашта сафарҳои ҳавоӣ дар дунё 70 дарсад коҳиш ёфт ва зарари коронавирус ба ин соҳа $730 миллиардро ташкил дод.
Дар идомаи ин матлаб Имомназар Имомов, мудири бахши муносибатҳои байналмилалии Кумитаи рушди сайёҳӣ, гуфтааст, ки бо назардошти ҳодисаҳои чанд моҳи охир ва пешгӯиҳои коршиносон, метавон хулоса кард, ки дар 1-2 соли оянда соҳаи сайёҳӣ танҳо марҳилаи барқароршавӣ ва рафъи оқибатҳои ин буҳронро аз сар мегузаронад.
“Садои мардум”– нашрияи Маҷлиси Олии ҶТ дар шумораи рӯзи 10 ноябр Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи милитсия чоп кардааст. Пешвои миллат дар паёми шодбошии худ таъкид кардаанд, “кормандони милитсия барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини оромиву суботи ҷомеа, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, яъне, волоияти қонун, аз лаҳзаҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар дар сафи пеши мубориза бар зидди гурӯҳҳои таррористиву экстремистӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дигар қонуншиканиҳо далерӣ ва фидокориву ҷоннисорӣ нишон дода, дар таҳкими нуфузу эътибори давлати мо дар арсаи ҷаҳон саҳми бисёр арзанда гузоштаанд.”
Нашрияи “Садои мардум” дар матлаби дигаре савол гузоштааст, ки “Қарзи андоз зам мешаваду кам не. Чаро?”. Дар ин мақола гузориши муфассал аз муҳокимаи парламентӣ оид ба иҷрои Буҷети давлатӣ барои соли 2020 дар 9 моҳи соли ҷорӣ чоп шудааст. Рӯзнома аз қавли Машраб Файзуллоев вакили Маҷлиси Намояндагон навиштааст, ки дар 9 моҳи соли 2020 иҷрои қисми даромади ҷории буҷети давлатӣ аз рӯи 9 сарчашмаи даромад дар ҳаҷми 675,0 млн. сомонӣ, таъмин нагардид.
Дар ин муҳокимаи парлумонӣ раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода таъкид кардааст, ки бинобар сабаби аз тарафи баъзе аз субъектҳои хоҷагидор сари вақт пардохт нагардидани андозҳои ҳисобшуда, бақияи қарзи андоз афзоиш ёфта, то 1 октябри соли 2020 1 миллиарду 21,0 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба 1 январи соли 2020 -ум 440,0 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Гуфта мешавад қарзи андоз асосан аз ҳисоби неругоҳи «Сангтӯда-1» 115,6 млн. сомонӣ, неругоҳи «Роғун» — 43,2, КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» — 15,0, ҶСК «Тоҷиктелеком» ва корхонаҳои тобеи он — 25,4, фурудгоҳҳо ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ 71,5 млн. сомонӣ афзоиш ёфтааст.
Ҳафтаномаи “Фараж” дар шумораи рӯзи 11 ноябр дар равзанаи сардабир аз вазъияти ногувори дохили нақби мошингузари “Истиқлол” дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, интиқод кардааст. Бахусус муаллифи матлаб таъкид кардааст, ки дастгоҳҳои ҳавокашӣ дар дохили нақб кор накарда, дохили тунел аз дуди ғализи мошинҳои боркаш пур аст.
Инчунин системаи равшаннамоии дохилии нақб низ ба талабот умуман ҷавогӯ нест, ки барои ронандагон мушкилоти зиёдро ба бор меоварад. Дар хулоса муаллиф пешниҳод кардааст, ки нигаҳдории нақби “Истиқлол” ба мисли тунели “Шаҳристон”, ки доимо равшану тоза аст, ба души ширкати IRC вогузор шавад.
Нашрияи “Фараж” ҳамчунин дар ин шумора дар робита ба таҷлили рӯзи кормандони милитсияи тоҷик, ки ҳамасола 10 ноябр ҷашн гирифта мешавад, матлабе дар бораи фаъолияти генерал- лейтинанти милитсия, муовини аввали ВКД ҶТ Абдураҳмон Аламшозода нашр кардааст. Дар ин матлаб аз ҷумла ба фаъолиятҳои назарраси Абдураҳмон Аламшозода ба унвони раҳбари ситоди байниидоравии мақомоти қудратӣ дар амри таъмини волояти қонун дар ВМКБ, таъкид шудааст.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 11 ноябр дар сармақоми худ бо номи “Лимити барқ: Таъмир ё Тақдир” ин саволро матраҳ кардааст, ки далели аслии қатъи барқ дар манотиқи кишвар чист?
Дар посух ба ин савол Нозирҷон Ёдгорӣ сухангӯи “Барқи Тоҷик” гуфтааст, ки қатъ шудани барқ дар деҳот ба анҷоми корҳои таъмирӣ дар хатҳои баландшиддат ва зеристгоҳҳои бузурги барқӣ бастагӣ дорад.
Дар ин миён муаллифи мақола ин саволро матраҳ кардааст, ки куҷо шуданд он ҳама неругоҳҳои хурди барқӣ, кӣ замоне аз ба чархиш даромандани онҳо дар саросари кишвар, хабару гузоришҳои зиёд нашр мешуд? Ба навиштаи муаллиф тибқи иттилооти ба даст омада, айни замон бештари неругоҳҳои хурди барқӣ дар манотиқи кишвар аз кор мондаанд.
Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлабеи дигаре аз норасоии китобҳои дарсӣ дар муасисаҳои таълимии вилояти Хатлон изҳори нигаронӣ кардааст. Муаллиф навиштааст, ки барои мисол дар мактабҳои ноҳияи Қубодиён 14 ҳазор нусха китоб ва дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Шаҳритус 9 ҳазор нусха китоби дасрӣ намерасад.
Ҳамзамон муаллиф аз қавли Шоимардон Шоимов китобдори шуъбаи маорифи ноҳияи Қудобиён навиштааст, ки айни замон қарзи иҷораи китоб дар ноҳия ба 1 миллиону 600 ҳазор сомонӣ расидааст. Ба гуфтаи вай барои пардохти қарз хонандагон оҳанпора ҷамъ карда фурӯхтанд, аммо бо ин вуҷуд онҳо натавонистанд қарзро пардохт кунанд.
Нашрия “Asia-Plus” дар сармақолаи худ зери унвони “Тасҳеҳи сомонӣ” сабабу омилҳои коҳиши қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари амрикоиро баррасӣ кардааст. Ҳафтаномаи анвиштааст, ки рӯзи 4 ноябр қурби расмии сомони нисбат ба доллари амрикоӣ якбора 9.4% коҳиш дода шуда, 11 сомониву 30 дирам муқаррар шуд.
Ҳафтанома аз қавли коршиносони масоили иқтисодӣ навиштааст, ки коҳиши арзиши сомонӣ асосан ба беқурбшавии рубли русӣ нисбат ба доллари амрикоӣ дар бозори Русия бастагӣ дорад. Зеро Русия яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон буда, ҳамзамон муҳимтарин бозори кор барои муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон дониста мешавад.
Нашрия аз қавли БМТнавиштааст, ки норасоии арзи хориҷӣ дар кишвар вобаста ба фаслҳои муаян аз 8 то 25 миллион долларро дар як моҳ ташкил медиҳад, ки он асосан аз ҳисоби фурӯши захираҳои тиллоиву асъории БМ пушонида мешавад. Танҳо дар 9 моҳи соли ҷорӣ БМТ барои таъмини субот дар бозори асъор 104,3 миллион доллар ба фурӯш баровардааст.
Рӯзномаи “ИмрӯзNews” бо такя ба маълумоти КҲФ аз сардшавии якбораи ҳаво дар Тоҷикистон хабар додааст. Нашрия навиштааст, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон бориши борон то 15 ноябри соли 2020 идома меёбад, ҳамзамон дар баландкӯҳҳо, махсусан дар баландиҳои зиёда аз 1200 метр ин борон ба барфи тар табдил меёбад. Шабона ва субҳгоҳон ҳавои сард дар минтақаҳои кӯҳӣ сабаби яхбандӣ шуда, дамои миёнаи ҳаво дар водиҳо +8+10 °С хоҳад буд.
Дар матлаби дигаре нашрияи “ИмрӯзNews” аз қавли мудири минтақаии БҶ дар умури ОМ Лилия Бурунчук навиштааст, ки талафоти ҳамсолаи Тоҷикистон аз офатҳои табиӣ ба 400 миллион доллар мерасад. Номбурда дар блоги худ таъкид кардааст, ки дар умум кишварҳои минтақаи ОМ аз ҳодисаҳои фавқулодаи табиӣ 10 миллар доллар зарар мебинанд.
Дар фарҷом вай илова кардааст,ки масъалаи идораи офтаҳои табиӣ бояд ҷумлаи афзалиятҳо боқӣ монад, то амният ва рушди минтақа, ки аз фарҳангҳои гуногун ва зебоиҳои табиат ғаниву ҷолиб аст, таъмин шавад.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”