Олимони Ҷумҳурии мардумии Чин майдони магнитиеро ба вуҷуд оварданд, ки қувваи он назар ба майдони магнитии Замин 800 ҳазор маротиба зиёд аст. Ин рекорди нави ҷаҳонист. Ба андешаи олимон, лоиҳа дар соҳаҳои гуногуни илму техника уфуқҳои нав мекушояд.
Майдони магнитии пурқувват воситаи беназири омӯзиши хосиятҳои модда мебошад. Дар шароити таъсири хеле пурзури магнитӣ олимон ҳодисаҳои аз ин пеш номаълумро тадқиқ карда, қонунҳои табиатро аз нуқтаи назари нав меомузанд.
Бозёфтҳо барои инкишофи физика, химия, материалшиносӣ ва биология аҳамияти муҳим дошта метавонанд.