Бо иқдоми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе мухтарам Рустами Эмомалӣ ва бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 25 то 27 сентябри соли 2024 бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 («Dushanbe International Tourism Exhibition (DITE)-2024») баргузор мегардад.
Имрӯз дар Маркази Намоишгоҳи байналмилалии (Dushanbe Expo) субъектҳои сайёҳии Тоҷикистон, бахусус шаҳри Душанбе, инчунин бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои шарики он, аз қабили ширкатҳои сайёҳӣ, ҳавопаймоӣ, меҳмонхонаву тарабхонаҳо, муассисаҳои табобативу солимгардонӣ, фарҳангиву таърихӣ ва фароғатӣ маҳсулот ва хизматрасонии худро ба намоиш гузошта муаррифӣ намуданд.
Иштирокчиёни Намоишгоҳи байналмилалии (Dushanbe Expo) доир ба рушди соҳаи сайёҳӣ, ташкили бозори сайёҳии минтақа дар шаҳри Душанбе, муаррифии иқтидори бойи табиӣ, сайёҳиву фарҳангӣ ва табобатию солимгардонии Тоҷикистон, омӯзиши таҷрибаи пешқадам, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои сайёҳӣ, таҳкими ҳамкории соҳавӣ ва бародаршаҳрӣ, рушди шарики бо субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ ва дар ин замина таҳияи стратегияҳои муштараки сайёҳӣ табодули андеша намуданд. Баргузории чунин намоишгоҳҳо яке аз роҳҳои самараноки ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва сармояи мустақим, инчунин беҳтар пешкаш намудани хизматрасонӣ буда, барои тавсеаи ҳамкорӣ байни шаҳрҳо ва пойтахтҳо, субъектҳои хизматрасонии соҳаи сайёҳи ва доираҳои заминаи мусоид фароҳам меорад.
Бо шарофати Истиқлолу озодӣ ва азму талошҳои пайгиронан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон соҳаи сайёхи рушди бесобика ёфта, зарфияти сайёҳии мамлакат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври шоиста муаррифӣ мегардад.
Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳҳои бузурги сайёҳӣ дар аксар кишварҳои олам ҳамасола ташкил гардида, дар онҳо зиёда аз 5000 ширкати марбут ба соҳаи сайёҳӣ аз давлатҳои ҷаҳон иштирок ва маҳсулоти худро муаррифӣ менамоянд.
Муҷиддини Сайфиддин,
радиои “Тоҷикистон”