Бозигарони то 20 солаи Тоҷикистон аз ҷавонони Кореяи Шимолӣ шикаст хӯрданд.
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар бозии дуюми интихобии Ҷоми Осиё-2025 (U20) аз яккачини Кореяи Шимолӣ шикаст хӯрд.
Ин рақобат дар доираи бозиҳои даври 3-юми гурӯҳи “Е”, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе сурат гирифта, бо ҳисоби 0:2 анҷом ёфт.
Голҳои кореягиҳоро дар ин рақобат Чондук (26) ва Ру Май Ронг (90+4) ба самар расониданд.
Бозии дигари ин гурӯҳ миёни дастаҳои Умон (U 20) ва Шри-Ланка (U 20) бо ҳисоби калони 5 бар 0 ба нафъи умониҳо ба охир расид.
Баъди 3 давр ҷавонони Кореяи Шимолӣ бо 7 имтиёз садрнишини гурӯҳи “E” буда, Малайзия (U 20) бо 4 имтиёз дар ҷои 2-юм ва Умон (U 20) бо 3 имтиёз дар ҷои 3-юм қарор доранд. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бошад 3 имтиёз дошта, мавқеи 4-умро касб кардааст.
Дар даври баъдӣ рӯзи 27 сентябр Тоҷикистон бо Малайзия ва Умон бо Кореяи Шимолӣ бозӣ хоҳад кард.
Ҳоло яккачини кишвар бо се имтиёз дар зинаи охири гуруҳи “Е” қарор дорад.
Рустам Зоиров
радиои “Тоҷикистон”