Идомаи Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Рӯзи дуюм аст, ки дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон дарви ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” аз рӯи номинатсияи санъати тасвирӣ ва дизайн баргузор мегардад. Дар ин давр аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ 525 нафар довталаб аз рӯи панҷ номинатсия иштирок карда, истеъдод ва маҳорати худро пешниҳоди аъзои ҳакамон менамоянд.

Соли панҷум аст, ки бо дастгирӣ ва амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми қаламрави кишвар, озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор мегардад ва сол аз сол шумораи иштирокчиёни озмун зиёд гардида истодааст. Анваршо Сайфиддинов  рассом, “Арбоби ҳунари Тоҷикистон” раиси ҳакамони озмун аз рӯи номинатсияи санъати тасвирӣ ва дизайн зимни сӯҳбат ба мо гуфт, ки иштирок ва маҳорати иштирокчиёни ин номинатсия бисёр хуб аст, вале барои боз ҳам мутмаин шудан аз истеъдоди онҳо мо супориш додем, ки дар наздамон як расми дилхоҳи худро кашанд.

Маврид ба зикр аст, ки имсол ба низономаи озмун тағйироте ворид гардид, ки мувофиқи он ғолибони даври ҷумҳуриявии озмун имкон пайдо карданд, ки ба ихтисосҳои омӯзгории равияи санъати тасвирӣ ва мусиқии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус, миёнаи касбӣ ва олии касбии мамлакат то муҳлати се сол бе супоридани имтиҳонҳо ба таври ройгон қабул карда шаванд. Марям Исоева донишҷӯи Колеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан буда, дар Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” аз рӯи номинатсияи санъати тасвирӣ ва дизайн бахши дизайн иштирок намуд. Ӯ зимни сӯҳбат ба мо гуфт, ки дар озмун коллексияи либосҳои миллиро бо номи “тоҷикона мепӯшем” пешниҳод кардааст.

Иштирокчии  дигари Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” аз рӯи номинатсияи санъати тасвирӣ ва дизайн бахши дизайн Маҳмадулло Зайдуллозода сокини ноҳияи Рашт мебошад. Ӯ зимни сӯҳбат ба мо гуфт, ки дар озмун лоиҳаи либосҳои қадимаи миллиамонро зинда карда, пешниҳод намудааст.

Бояд гуфт, ки даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” дар шаҳри Душанбе то 30 сентябр давом карда, 5 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории озмун ва галаконсерти иштирокчиён доир мегардад.

Сарвинози Сайдалӣ

радиои Тоҷикистон