Рӯзи гузашта дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии аввали худ, дар даври интихобии Ҷоми Осиё – 2025 (U-20) бо мунтахаби Шри-Ланка дар гурӯҳи “Е” рақобат карда, бо ҳисоби калони 3 бар 0 пирӯз гардид. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе сурат гирифт.
Голҳои мунтахаби Тоҷикистон (U-20)-ро дар ин вохӯрӣ Билол Бобоев (дар дақиқаи 2) ва ду маротиба Масрур Ғафуров (дар дақиқаҳои 45+2, 54) ба самар расониданд.
Бозии дигари гурӯҳи мазкур миёни дастаҳои мунтахаби Кореяи Шимолӣ (U-20) ва Малайзия (U-20) дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир гардида, бегол ба охир расид.
Феълан дар гурӯҳи “Е” дастаҳои мунтахаби то 20-солаи Кореяи Шимолӣ ва Малайзия бо 4-имтиёзӣ дар мавқеъҳои якуму дуюм қарор доранд. Тими то 20-солаи Тоҷикистон бошад бо 3-имтиёз пас аз як бозӣ дар ҷои 3-юм аст.
Дар даври 3-юми гурӯҳи “Е” Умон бо Шри-Ланка ва Тоҷикистон бо Кореяи Шимолӣ рақобат мекунанд. Бозиҳо фардо доир мегарданд.