23 сентябри соли 2024 дар Ню-Йорк мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирати Ҷумҳурии Арабии Миср Бадр Абдул Ата баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ тарафҳо атрофи як зумра масъалаҳои муҳими дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла таҳкими ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ сармоягузорӣ, тиҷоратӣ ва илму маориф мубодилаи афкор намуда, рағбати ҷонибҳоро ҷиҳати густариши ин равобит изҳор намуданд.
Инчунин дар рафти мулоқот мусоҳибон аҳаммияти пешбурди масоили марбут ба обу иқлимро қайд карда, мусоидат ба раванди татбиқи Рӯзномаи СММ оид ба об, ба вежа ҳадафи 6-уми рушди устуворро зарур шумориданд.
Бо мақсади роҳандозии нақшаҳои муштарак роҷеъ ба соҳаҳои зикрёфта танзими сафарҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Миср муфид дониста шуд.