Ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад танҳо тавассути муколама ва ҳамкории созанда дар пайдо кардани роҳҳои рафъи хатарҳои муосир комёб гардад. Чунин иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 сентябр зимни суханронӣ дар Ҳамоиши Оянда дар Ню-Йорк.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор иқдоми муштарак дар таъмини сулҳу суботи пойдор маҳсуб мешавад.
Аз ин лиҳоз, мо дар сатҳи ҷаҳонӣ андешидани тадбирҳои муштаракро бо мақсади пурзӯр кардани ҳамкориву ҳамёрӣ барои таъмини амнияти фарогир муҳим мешуморем.
Тоҷикистон ба сифати давлати мизбони «Раванди Душанбе оид ба мубориза бар зидди терроризм» аз дарҷ гардидани ин мавзуъ дар паймон дар баробари дигар мавзуъҳои калидӣ истиқбол менамояд.
«Мо бояд ҳамкории байналмилалӣ, табодули иттилоот ва таҳкими иқтидорро барои пешгирии зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои глобалӣ густариш диҳем»,-таъкид намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.