Коргардони тоҷик Одина Маҳмад филми мустанадеро таҳия кард, ки ба тағирёбии иқлим бахшида шудааст

Коргардони филм Одина Маҳмад филми мустанади наверо таҳия кард, ки ба мавзӯи муҳим ва мубрами тағирёбии иқлим бахшида шудааст. Филм бо номи “Тағирёбии иқлим ва таъсири он ба пиряхҳои Тоҷикистон”, ба вазъи пиряхҳои Тоҷикистон, ки яке аз манбаъҳои муҳими оби тоза барои минтақа мебошанд, равшанӣ меандозад.


Филми мазкур дар асоси таҳқиқоти олимони соҳа, ки дар тӯли 20 соли охир натиҷагирӣ шудаанд, ки чӣ гуна гармшавии глобалӣ ва тағирёбии иқлим боиси обшавии босуръати пиряхҳои Тоҷикистон шудааст.

Корагрдони филм гуфт “дар филм графикаи 3D ва инфографика истифода шудаанд, ки ин ба тамошобинон имкон медиҳад, то пайомадҳои экологиро аз ҷумла тағирёбии иқлимро равшантар дарк кунанд. Ҳоло филмҳои мустанад воситаи муассири баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа дар бораи масъалаҳои экологӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мебошанд, ки имрӯз бо инсоният рӯ ба рӯ шудаанд”.


Филм дар муддати 7 моҳ омода шудааст. Муаллифи Некрузи Ҷалилиён ва наворбардор Абдукарим Уроков мебошад. Барои омода кардани филм ниҳодҳои давлати Кумтаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҶТ, Агентии Обуҳавошиносӣ ва Маркази пиряшиносии АМИТ ҳамкори кардаанд.
Пиряхҳои Тоҷикстон 60% захираҳои обии Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд ва тағйироти номатлуби иқлим ба ҳаёти миллионҳо нафар дар минтақа таъсир мерасонад. Ин гуна филмҳо метавонанд баҳсҳоро дар ҷомеа бедор кунанд ва ба қабули қарорҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ, ки ба ҳифзи муҳити зист ва ояндаи инсоният равона шудаанд, таъсир расонанд.