Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон тибқи Нақша-чорабиниҳои Раёсат оид ба роҳандозии корҳои таблиғотӣ ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои ғарқшавӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон бо Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, идораи телевизион ва радио, Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Бахши ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон як силсила чорабиниҳо доир кардааст.
Шахсони мутасаддии Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон ва ташкилоту идораҳои болозикр дар соҳилҳои кӯлу дарёҳои ҳудуди ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрави вилоят бо истироҳакунандагон мулоқот карданд ва ба онҳо қоидаҳои бехатарии оббозиву шиновариро фаҳмониданд.
Гуфта шудааст, ки сокинон бояд фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд.
Дар ҷойҳое, ки оббозӣ мамнуъ аст, шиноварӣ накунанд.
Дар поёни ҳар вохӯрӣ амалан баъзе кумакҳои аввал ба ғарқшудгонро омӯзонданд ва ба онҳо врақаҳои таблиғотӣ тақсим карданд.