Таҷрибаи давлатдории халқҳои олам собит менамояд, ки ҳастии ҳар давлату ҷомеа ва рушди озодонаи ҳар як фарди он маҳз ба ҳисси миллии ватандӯстӣ вобастагии мустақим дорад. Мо бояд фаромӯш насозем, ки Ҳукумати Тоҷикистон масъулияти ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту суботи кишвар ва ободиву пешрафти мамлакатро ба зиммаи мову шумо вогузор намудааст.
Ҳарчанд худшиносии миллӣ аз гузаштагонамон ба мо мерос монда бошад ҳам, баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави худшиносии миллӣ оғоз гардид. Дар ин давра дар Тоҷикистон вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дигар гардида, арзишҳои моддиву маънавӣ ҳам иваз шуданд.
Тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд: «Ҷавҳари худшиносии миллӣ аз дӯст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма гирифта, ба ташаккули шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии солиму пешрафта боис мегардад».
Ба ёд биорем, ки ҳанӯз дар даврони атиқа тибқи устураҳои Юнони бостон, дар ибодатгоҳи ҳамон замонҳо бо хатти зарин навишта буданд, ки «худро бишнос!» Ин ҷумлаи амриро олимон шарҳу тафсирҳои зиёде додаанд ва аз он маъниҳои гуногун бардоштан мумкин аст. Дар ин маврид, адиб ва мутафаккири бузурги рус Лев Толстой хеле нишонрас гуфтааст: «Бузургтарин дониш худшиносист. То худатро нашиносӣ, офаридгоратро нахоҳӣ шинохт». Аммо сарчашмаҳои ҳама гуна донишу фазл ақл аст ва дар ин маврид Паёмбари Ислом Муҳаммад (с) ақли комилро асоси хештаншиносӣ фармудааст. Дар ин хусус ҳадиси саҳеҳе боқист: «ақл ба се қисмат аст: ҳар ки ҳамаро дорад, ақлаш комил ва ҳар кӣ ҳеҷ якро надорад, бехирад аст. Ақли комил-худро дуруст шинохтан, хуб итоат кардан ва сабри неку дар анҷоми вазифа аст».
Аз ин хулоса мешавад, ки худшиносӣ аввалин хулосаи ақл аст. Ҳамин гуна мавқеъгирӣ ва хулосаро дар фалсафаи Юнони қадим ва Аврупои асримиёнагӣ, дар масеҳияту таълимоти Конфутсий ва ҳатто дар таълимоти марксизм низ дидан мумкин аст. Карл Маркс гуфта буд: «Худшиносӣ шарти аввалини хирадмандист». Бузургони адабу фарҳанги мо низ ба ин масъала аз паҳлуҳои гуногун дахл кардаанд ва хулоса як аст: инсон танҳо дар зиндагии иҷтимоӣ касбу камол мекунад ва роҳи камолот аз тарбияти ақл шурӯъ мешавад, ки масолеҳаш илму дониш аст.
Худшиносӣ ба адабу маънавият решапайванд мебошад, аммо ин ҳардуро сарчашма боз ҳам худҷӯй ва мавқеи худро шинохтан аст. Ҳар шахс бояд донад, ки моҳияти ҳастии ӯ чист ва дар зиндагӣ чӣ нақшу мақоме дорад. Ҳамзамон маърифати дигарон ва муҳит барои худшиносии ӯ заминаи васеътаре фароҳам меоварад. Шинохти муҳит пайваста инсонро ба маърифати ҷомеа ва миллату давлат роҳнамоӣ мекунад.
Худшиносӣ василаи асосии ба маънавият расидани инсону ҷомеа мебошад. Худшиносии миллӣ ин решаи миллат аст, агар мактаби миллӣ заиф бошад, миллат пароканда ва нопадид мегардад. Бинобар ин, бояд баҳри мустаҳкам гардонидани мактаби миллӣ, ки ҷузъҳои асосии он ватанпарастӣ, хештаншиносӣ ва худшиносӣ мебошад, чораҳои зарурӣ андешид.
Дар ҳақиқат, ҳар як инсони оқил бояд ифтихор намояд, ки дар тӯли солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат чӣ қадар дигаргуниҳои куллӣ дар бобати ба эътидол овардани вазъи сиёсию иқтисодии мамлакат, дарёфт намудани роҳи рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии кишвар ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ба амал омадааст.
Ҳарчанд ки роҳи тайнамудаи Тоҷикистон дар ҷодаи ваҳдату якпорчагӣ ҳамвору яксон набуд, вале мардуми шарафманди мо ба хотири таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, сарҷамъии миллат, густариши фазои сулҳу оромӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ саъю талошҳои бесобиқа анҷом доданд ва итминони комил дорам, ки наслҳои оянда аз онҳо ҳамчун намунаи ватандориву ватандӯстӣ ёд хоҳанд кард.
Ҳар як фарди бонангу номус ва худогоҳи ҷомеа бояд ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки танҳо истиқлолияту озодӣ омили муҳимтарини пойдории давлат ва бақои миллат мебошад ва вазифаи ҳамаи мост, ки ба хотири ҳифзу тақвияти ин муқаддасоти миллӣ пайгирона кӯшиш намоем.
Бо мақсади таҳкими боз ҳам бештари ин дастовард зарур аст, ки мафҳумҳои истиқлолияту озодӣ ва ваҳдати миллӣ ба ғояи ҳамешагии созанда ва муттаҳидкунандаи ҷомеаи Тоҷикистони демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ табдил дода шаванд.
Пас барои он, ки ҷавонони ояндаи миллат соҳиби тафаккуру андешаи солим, ҷаҳонбинии васеъ ва маънавиёти ғанӣ гарданд, бояд аз наврасӣ ба худшиносии онҳо таваҷҷуҳ зоҳир намоем. Зеро гуфтаанд: «Худшиносӣ-сарчашмаи хирадмандист».
Бознашр аз сомонаи www.adliya.tj