Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон

24 августи соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон Ахмет Гурбановро ба ҳузур пазируфтааст.

Тавре сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар рафти мулоқот масъалаҳои муҳим вобаста ба таъмиқи муносибатҳои шарики стратегии Тоҷикистону Туркманистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум сурат гирифт.