Нашри китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» дар Сеул бо забони кореягӣ

Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея рӯнамоии китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён», ки ба забони кореягӣ тарҷума ва нашр гардид, баргузор шуд. Дар ин хусус истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сеул ба АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар рӯнамоии китоб намояндагони мақомоти фарҳангӣ ва воситаҳои ахбори оммаи кишвари иқомат ва шаҳрвандону донишҷӯёни тоҷик иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки Истиқлоли давлатӣ барои омӯзиш ва таҳқиқи воқеии таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи халқи тоҷик шароити мусоиду созгор муҳайё сохта, ба марҳалаи комилан нави рушди таърихнигории миллӣ ибтидо гузошт.