Дар Душанбе санъаткорони қазоқ барномаи консертӣ доир намуданд

Шоми дирӯз дар театри опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз ҷониби санъаткорони Ҷумҳурии Қазоқистон барномаи консертӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкур дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар он ҳунармандони ин кишвар санъати зебоӣ рақс, навозандагӣ ва сурудҳои дилнишин пешниҳод карданд.

Дар оғози барномаи консертӣ Обидҷон Назариён муовини вазири фарҳанги мамлакат суханронӣ карда, иброз намуд, ки бо дастгирӣ ва сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев қариб дар ҳама соҳаҳо ҳамкориҳои судманд ба роҳ монда шудааст ва мо умедворем, ки баргузории чунин барномаҳои фарҳангӣ дӯстии ҳарду кишварро боз мустаҳкамтар мегардонад.

Дар идома Валехан Туреханов, сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад карда, қайд намуд, ки дар баробари дигар самтҳои ҳамкорӣ мубодилаи фарҳанг низ барои таҳкими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни давлатҳо нақши муҳим дорад.

Сипас барномаи фарҳангии омоданамудаи санъаткорони Ҷумҳурии Қазоқистон пешниҳод гардид, ки аз ҷониби тамошобинон баҳои баланд дода шуд.

Сарвинози Сайидалӣ

радиои “Тоҷикистон”