Дар шаҳри Дуншанбе номинатсияи «Адабиёти классики тоҷик»- и Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»  ҷамъбаст гардид

Баргузории даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» идома дорад. Имрӯз номинатсияи “Адабиёти классики тоҷик” ҷамъбаст гардида, номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон” оғоз гардид.

Соли шашум аст, ки дар кишварамон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад, ки сол аз сол шумораи довталабонаш зиёд гардида, барои оммавӣ гардидани китобхонӣ миёни аҳолии кишварамон мусоидат намуд. Оиша Тоирова хонандаи синфи 9 – уми МТМУ рақами 59 – уми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе буда, соли сеюм аст, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯи номинатсияи «Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ» иштирок менамояд. Ба гуфтаи Оиша иштирокаш дар озмун ба ӯ имкон додааст, ки андӯхтани донишу малака дӯстони зиёди китобхон низ пайдо намояд.

Маврид ба зикр аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар баробари омӯхтани осори адибони классик ва муосири кишварамон, инчунин ба довталабон имкон медиҳад, ки сатҳи забондонии худро низ боло бардорад. Абубакр Неъматов хонанаи синфи 3 – юми МТМУ рақами 20 – и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе буда, соли якум аст, ки дар озмун аз рӯи номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон” иштирок менамояд. Ӯ зимни сӯҳбат ба мо гуфт, ки агар имсол ғолиб наомад рӯҳафтода намешавад ва боз соли оянда таёрии бештар дида, иштирок менамояд.

Маврид ба зикр аст, ки имсол шумораи шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз 1 адад дар солҳои қаблӣ, ба 4 адад расонида шуд. Инчунин шумораи омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври ниҳоии озмун ғолиб мегарданд, ба 70 нафар расид.

Сарвинози Сайдалӣ

радиои “Тоҷикистон”