19 сентябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи IX Шӯрои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия баргузор мегардад. Дар ин бора аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласа аъзои шӯро аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия, Арманистон ва Беларус иштирок мекунанд. Гуфта шуд, ки аъзои шӯро дар 4 давлати номбаршуда, ба истиснои Тоҷикистон ва Қазоқистон прокуророни генералӣ мебошанд. Аъзои Тоҷикистон ва Қазоқистонро директорони агентии ин ниҳод намояндагӣ мекунанд.
Дар доираи ҷаласа баимзорасонии созишномаи ҳамкорӣ байнӣ Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Федератсияи Русия дар назар аст.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои “Тоҷикистон”