19-уми августи соли 2024, Роштқалъа. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Чагев майдончаи варзишро ифтитоҳ намудааст. Дар бора Вазорати энергетика ва захираҳои об хабар додааст.
ба иттилои манбаъ, иншооти варзишӣ дар доираи лоиҳаи Неругоҳи барқи обии “Себзор” аз тарафи ширкати пудратии ҶДММ “Таъминоти деҳот” бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо ва Бонки олмонии рушд ба маблағи беш аз 832 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст.
Дар маросими кушодашавӣ зикр гашт, ки майдончаи варзиш туҳфаи арзишманд барои сокинони Чагев ба истиқболи Ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ маҳсуб меёбад.