Тимҳои миллии то 17-солаи Тоҷикистону Афғонистон имрӯз бо ҳам дидор анҷом медиҳанд

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи то 17-солаи кишвар бозии даври 3-юми худро дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои наврасони то 17-сола,  муқобили тими миллии то 17-солаи Афғонистон доир мекунад. Бозӣ соати 21:00 бо вақти Душанбе оғоз мегардад.

Вохӯрии мазкур дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор гардида, даромад ройгон мебошад. 

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби то 17-солаи кишвар шомили гурӯҳи “А” буда, рақибонаш мунтахабҳои Афғонистон (U-17) ва Қирғизистон (U-17) мебошанд. Дар бозии даври аввал бозигарони тоҷик, футболбозони то 17-солаи қирғизро бо ҳисоби 3 бар 0 шикаст дода буданд. Голҳо аз ҳайати мунтахаби Тоҷиистон (U-17)  Муҳаммад Назриев, Аҳмадҷон Шоев ва Назрулло Ашӯрализода ба самар расонида буданд.

Дар гурӯҳи дигар, чаҳоргонаи “В” мунтахабҳои Эрон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ҷой гирифтаанд. Имрӯз ҳамчунин дастаҳои мунтахаби то 17- солаи Эрон ва Ӯзбекистон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 18:00 бо ҳам вохӯрӣ анҷом медиҳанд.

Ғолибони гурӯҳҳо ба финали мусобиқа роҳ ёфта, дастаҳои ҷойҳо дуюм барои ҷои 3-юм дар мусобиқа талош мекунанд.

Рустами Зоир

радиои “Тоҷикистон”

Акс аз саҳифаи расмии ФФТ