Содироти маҳсулоти саноатӣ 48, 1 фоиз афзоиш ёфтааст

Дар нимсолаи аввали соли 2024 ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатӣ 969, 0 млн. долларро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 314, 5 миллион доллар ё ин ки 48, 1 фоиз зиёд гардидааст. Дар ин хусус директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.

Тибқи маълумоти оморӣ дар ин давра содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳаҷми 77, 1 ҳазор тонна ба маблағи 28, 8 млн. доллар ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта 4, 7 млн.доллар ё 19, 5 фоиз зиёд мебошад. Вобаста ба ҳаҷми умумии содирот дар давраи ҳисоботӣ тазаккур дода шуд, ки меваи хушк 38, 2 ҳазор тонна, сабзавот 23,, 6 ҳазор тонна, меваҷот 10, 3 тонна ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ 5,1 ҳазор тоннаро ташкил дод.

Дар доираи Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021- 2025 ва супориши муовини якуми Сарвазири кишвар Агентӣ нақша дорад, ки моҳи октябри соли ҷорӣ Форуми байналмиллалии содиротии Бохтар Фуд-2024 – ро дар сатҳи баланд баргузор намояд.

Олуфта Шарипова,

радиои “Тоҷикистон”