Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ҳамкориҳои байналмилалиашро таҳким бахшидааст

Густариши робитаҳои байналмилалӣ аз самти муҳими фаъолият ба ҳисоб рафта, айни ҳол Донишкадаи тарбияи ҷисмони Тоҷикистон ба номи Сайидмуъмин Раҳимов бо 36 муассисаҳои таҳсилоти олии, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимии кишварҳои хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ дорад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти хабарӣ муовини ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон Шерафган Оёмаҳмадов ба ВАО иттилоъ дод.

Бино ба иттилои мавсуф Раёсати робитаҳои байналмилалӣ дар нимсолаи якуми соли таҳсили 2024 корҳои зиёде ба анҷом расонида, бо Донишгоҳи давлатии педагогии Шаҳрисабзи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар асоси шартномаи дуҷониба ҳамкориҳоро хуб роҳандозӣ намудааст. Инчунин дар ин давра ҷиҳати таъсиси “Марказӣ илмию фарҳанги чинӣ дар ДТҶТ ба номи С. Раҳимов созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Дар нишаст иттилоъ дод шуд, ки созишномаи мазкур ва таъсиси марказ имкон медиҳад, ки ҳамкорҳои Донишкада ба муассисаҳои олии таълимии кишвари Чин дар бахшҳои гуногун вусъат ёбад.

Сурайёи Сироҷиддин,

радиои “Тоҷикистон”