Дар шаш моҳи аввали соли 2024 Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо 12 муассисаи таълимӣ ва марказҳои таълимӣ-таҳқиқотии хориҷӣ шартномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонидааст, ки онҳо аслан дар самти барномаҳои таҳсилоти муштарак будаанд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ Убайдулло Асрорзода, ректори Донишгоҳи мазкур иттилоъ дод.
Тавре масъулин илова намуданд, дар ин давра ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳо бо беш аз 30 корхонаву ташкилоти истеҳсолию хизматрасонии ватанию хориҷӣ дар мавриди гузаронидани таҷрибаомӯзиҳо шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.
Зимнан дар давраи ҳисоботӣ таҷрибаи ҷалби омӯзгорон аз ҳисоби кормандони муваффақи мақомоти идоракунӣ, корхонаҳои истеҳсоли бонкҳо, меҳмонхонаҳо, ширкатҳои сайёҳию хизматрасонӣ ва амсоли онҳо роҳандозӣ гардида, зиëда аз 60 нафар корманд аз истеҳсолот ба фаъолияти омӯзгорӣ фаро гирифта шудаанд.
Рустами Зоир,
радиои “Тоҷикистон”