Темур Раҳимов ҷудокори тавонои тоҷик, яке аз варзишгари умедбахши Тоҷикистон, имрӯз дар 33-юмин бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 кишвари моро дар риштаи Ҷудо, дар вазни +100 кг муаррифӣ мекунад.
Темур дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Эрик Абрамов аз Олмон ва Одхуу аз Муғулистон гуштин мегирад.
Рақобати Темур соати 13:50 оғоз мегардад.
Ба Темур Раҳимов дар рақобатҳои сахту сангин барор хоҳонем. Мо аз ту боварӣ дорем Темур, ту метавонӣ!
Рустами Зоир
радиои “Тоҷикистон”