Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон 6415 донишҷӯ таҳсил мекунанд

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ бо иқтидори бузурги кадрӣ ва моддию техникӣ дар самти омода  кардани кадрҳои муҳандисию техникӣ ва ва иқтисоддони соҳави мавқеи калиди дошта, дар татбиқи се ҳадафи стратегии мамлакат-раҳо шудан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва саноаткунонии босуръати кишвар нақши назаррас дошта, дар заминаи 7 факултет бо фарогирии 6415 донишҷӯ фаъолият дорад.

Ба иттилои ректор Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Давлатзода Қудрат аз 2031 нафар донишҷӯёне, ки Донишгоҳро хатм намуданд ба 1916 нафар дипломи муқаррарии бакалавр, ба 56 нафар дипломи муқаррарии магистр, ба 38 нафар дипломи аълои бакалавр ва ба 18 нафар дипломи аълои магистр дода шудаст. Дар соли 2024 аз шумораи умумии донишҷӯён дар ДТТ 130 нафар донишҷӯён аз кишварҳои хориҷ, аз ҷумла Ӯзбекистон, Афғонистон, Эрон ва Туркия донишгоҳро хатм намудаанд.

Инчунин Донишгоҳи мазкур дар самти ба роҳ мондани корҳои илмию тадқиқотӣ бо МТОК Чин, кишварҳои Аврупо, Ӯзбекистон ҳамкориҳоро тақвият дода истодааст ва иҷрои беш аз 20 номгӯи корҳои илмию таҳқиқотии муштарак мавриди корбари қарор доранд.

Гулрӯ Ниёзова,

радиои “Тоҷикистон”