Мутобиқи нишондодҳои асосии иқтисодии корхонаҳои зерсохтори Хадамоти алоқа дар якҷоягӣ бо операторон ва провайдерони хусусӣ бармеояд, ки дар ин давра аз рӯи ҳисоботҳои пешакӣ даромади умумии сохторҳои соҳаи алоқаи барқӣ ба маблағи 2 миллиарду 077 миллиону 773 ҳазору 788 сомонӣ расонида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023, (1 миллиарду 900 миллиону 982 ҳазору 423 сомонӣ), ё 9,3 фоиз зиёд шудааст. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарии Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2024, Шарифҷон Шокиров, корманди раёсати алоқаи Хадамоти алоқа иттиллоъ дод.
Ҳамчунин масъулин қайд карданд, ки баҳри дар амал татбиқ кардани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” аз 22 июни соли 2023, №586 соли сипаришуда 157 адад стансияҳои базавӣ насб карда шуда, 148,28 километр хатти нахи нурӣ баҳри вусъат бахшидани фаъолияти бемайлони стансияҳои базавӣ ва дастрасӣ ба шабакаи баландсуръати интернет насбу роҳандозӣ карда шудааст. Ҳамзамон замимаҳои бонкинги мобилӣ дар смартфонҳо ба кор дароварда шуданд.
Рустами Зоир
радиои “Тоҷикистон”