Ширкатҳои ватанӣ дар ним сол 30 фоиз парвозҳоро анҷом доданд

Имрӯз дар бинои Фурудгоҳи байналмиллаии Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор гардида, фаъолият дар шашмоҳаи соли равон муҳокима гардид. Ба суолҳои хабарнигорон директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ Ҳабибулло Назарзода посух дод.

Таваҷҷуҳи бештар ба масъалаҳои кушодашавии хатсайрҳои нав, баргардонидани мусофирон аз фурудгоҳҳои Русия ба Тоҷикистон, хизматрасониҳои аэронавигатсионӣ буд. Таъкид гардид, ки дар шашмоҳаи аввал 3400 нафар аз фурудгоҳҳои Россия аз сабаби мукаммал набудани ҳуҷҷатҳои мусофирон онҳо ба ватан баргардонида шудаанд.

Дар айни замон ширкатҳои ватанӣ 30 фоизи парвозҳоро дар умум ба анҷом мерасонад. Дар самти Русия бошад ҳар шабонарӯз 18 парвоз ба анҷом расонида шуда, аз ин 8 парвоз аз ҷониби “Сомон Эйр” хизмат расонида мешавад.

Суоли дигаре, ки хабарнигорон ба масъулин ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон, аз ҷумла бо хуроки гарм таъмин шудани мусофирон буд. Тибқи талаботи ИКАО бояд парвози аз 3 соат бештар бо хурок таъмин гарданд ва бо ширкатҳои ҳавоии Россия гуфтушунидҳо идома дорад, ки бояд натиҷабахш гардад.

Рӯзи 12 августи соли ҷорӣ роҳбарияти Агентии авиатсияи гражданӣ ба шаҳри Лондон даъват шудаанд ва масъалаи кушодани парвоз байни Душанбе-Лондон муҳокима хоҳад шуд. Ҳамчунин таъкид гардид ки аз моҳи августи соли равон бояд хатсайри нави Душанбе-Будапешт оғоз гардад.

Шоистаи Аҳмад,

радиои “Тоҷикистон”