Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ соли 2024 дар рейтинги Вазорати маорифи Чин дар ҷои аввал қарор гирифт. Ин нуктаро ректори Донишгоҳи мазкур Аҳлиддин Ибодулло зимни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон баён дошт.
Дар самти иштироки донишҷӯён дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ гуфта шуд, ки дар соли сипаришуда донишҷӯёни Донишгоҳи мазкур миёни 42 муассисаҳои таҳсилотии олии кишвар аз рӯи 14 фан дар бахши илмҳои дақиқ иштирок карда, ҷои якумро ишғол намуданд.
Инчунин таъкид рафт, ки яке аз марказҳои асосӣ ва пешбар дар омода кардани мутахасисони варзидаи соҳаи маорифи ҷумҳурӣ чи дар замони шуравӣ ва чӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ДДОТ ба номи С.Айнӣ мебошад.
Гуфта шуд, ки ин Донишгоҳ ҳамчун нахустин маркази таълимию илмӣ дар ташаккул ва рушди малрифи ҷумҳурӣ ва низоми таҳсилоти олии касбӣ нақши созанда гузошта, барои соҳаи ҳаётан муҳими хоҷагии кишвар лаҳҳо ҳазор нафар омӯзгорону ооимон ва кормандони маорифро тайёр намулааст.
Олуфта Шарипова,
радиои “Тоҷикистон”