Имрӯз дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он як қатор масъалаҳо, аз ҷумла вазъи мубодилаи донишҷӯён, ба кор ҷалб гардидани онҳо ва то кадом андоза ба забономӯзӣ ҷалб гардиданӣ омӯзгорону роҳбарияти Академияи мазкур, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар назди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази забономӯзӣ ташкил гардидааст, ки дар нимсолаи аввали соли 2024, 57 нафар омӯзгорону донишҷӯён онро хатм кардаанд. Ба таъкиди Даврон Сафарзода ректори Академияи мазкур боз аз оғози моҳи августи соли равон нафароне, ки дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолят доранд ба забономӯзӣ фаро гирифта мешаванд.
Роҳбарияти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша дорад, ки дар солҳои минбаъда ба масъалаи ба кор ҷалб гардидани донишомӯзонаш ба хусус шахсони имконияти маҳдуддошта таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намояд. Даврон Сафарзода ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд, ки солҳои қаблӣ бино ба сабабе, ки Академия тақсимоти донишҷӯёнашро барои кор дар якҷоягӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи озмун мегузаронд, аз тақдири минбаъдаи онҳо бехабар мемонд. Акнун тасмим дорад, ки ин ҳолатро зери назорати худ гирад.
Дар идомаи нишаст Даврон Сафарзода ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки аз 1 сентябри соли равон маоши омӯзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ аз ҳисоби маблағҳои захиравии Академия 30 дар сад зиёд карда мешавад.
Ҳамчунин дар нишаст гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ҳамкориҳои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар афзудааст. Аз ҷумла Академия бо 14 ташкилоти байналмиллалӣ ва 32 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст. Ин дар ҳолест, ки шумораи донишҷӯёни дар хориҷ таҳсил кардаи Академия аз 47 нафари дар соли 2022 ба 23 нафар дар соли 2024 расидааст. Сабаби ин ҳолатро роҳбарияти Академия ба аз байн рафтанӣ шакли таҳсили фосилавӣ рабт доданд. Ба гуфтаи масъулин аз соли 2022 инҷониб шакли таҳсил да хориҷ ба таври ҳузурӣ гузаронида шуд ва ин боиси кам гардидани шумораи таҳсили донишҷӯён дар хориҷи кишвар гардид.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои “Тоҷикистон”