Нуктаҳо аз нишасти матбуотии ДМТ

Дар 126 кафедраи ДМТ 1316 нафар омӯзгор аз ҷумла 218 нафар доктори илм, 695 нафар номзади илм барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ ҷалб шудаанд.

Ҳамчунин 403 нафар ассистентҳо, омӯзгорони ҳамкор ва 73 нафарро омӯзгори дорои дараҷа ва унвони илмдор ташкил медиҳанд. Гуфт зимни нишасти матбуоти ректори ДМТ Эмомалӣ Насриддинзода.

Ба иттилои манбаъ, дар соли таҳсили 2023-2024 ба 1874 нафар донишҷӯи гурӯҳи буҷавӣ стипендияи муқаррар карда шуд, ки аз ин миқдор ба 856 нафар стипендияи аъло, ба 871 нафар стипендияи хубу аъло ва ба 147 нафар стипендияи муқаррарӣ муайян карда шудааст.

Ба иттилои ҳамкорамон Гулрӯ Ниёззода аз гурӯҳҳои буҷҷавии равияи омӯзгори, ки 157 нафар мебошанд, 26 нафар ба сарраёсати шаҳри Душанбе, 55 нафар ба ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, 53 нафар ба вилояти Хатлон, 18 нафар ба вилояти Суғд ва 4 нафар ба ВМКБ сафарбар карда шудаанд.

Инчунин ДМТ бо беш аз 250 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва марказҳои илмии давлатҳои хориҷӣ шартномаҳои ҳамкориро ба тавсиб расонидааст.