СММ: Солҳои 2025-2034 даҳсолаи мубориза бо тӯфонҳои қуму чанг

Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид солҳои 2025-2034-ро “Даҳсолаи СММ барои мубориза бо тӯфонҳои қуму чанг” эълон кард. Дар ин бора нашрияи Independent хабар медиҳад.

Қатъномаи дахлдорро сафири Уганда дар СММ Годфри Квоба аз номи Гурӯҳи 77 иборат аз 134 кишвари рӯ ба тараққӣ ва Чин пешниҳод кардааст. Вай тавзеҳ дод, ки ҳадафи ин ташаббус “ҷилавгирӣ ва коҳиш додани таъсири манфии тӯфонҳои қуму чанг” тавассути “ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ” мебошад. Ин қатънома ба муносибати Рӯзи байналмилалии мубориза бо тӯфони қуму ғубор, ки соли гузашта Ассамблеяи Генералӣ эълон карда буд ва имрӯз бори аввал таҷлил мешавад, қабул шудааст.

Созмони Милали Муттаҳид изҳор дошт, ки тӯфонҳои чангу қум дар даҳсолаҳои охир ба далели таъсири назаррас ба муҳити зист, саломатӣ, кишоварзӣ, воситаҳои зиндагӣ ва некӯаҳволии иҷтимоиву иқтисодӣ ба як мушкилоти ҷиддии ҷаҳонӣ табдил ёфтаанд.

 “Тӯфонҳои қум ва чанг як унсури муҳими давраҳои табиии биохимиявии Замин мебошанд, аммо қисман аз омилҳои инсонӣ, аз ҷумла тағирёбии иқлим ва идоракунии ноустувори замин ва об ба вуҷуд меоянд”,-омадааст дар гузориши нави СММ. Мувофиқи маълумоти гурӯҳи идоракунии муҳити зисти СММ ҳар сол ба атмосфера тақрибан 2 миллиард тонна қуму хок ворид мешавад. Тӯфонҳои қум ва чангӣ асосан дар минтақаҳои хушк ва биёбонӣ пайдо мешаванд, аммо метавонанд масофаҳои зиёдеро тай кунанд ва ба минтақаҳои дуртар таъсир расонанд.