Моҳи июни соли 2024 гармтарин моҳ дар тамоми таърихи мушоҳидаҳои метеорологӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин бора хадамоти ИА оид ба тағирёбии иқлим хабар додааст. Ин 13-умин моҳ аст, ки паиҳам ҳавои гарми рекордӣ идома дорад.
Бино ба гузориши СММ аз ҳавои гармо бештар сокинони кишварҳои Аврупои ҷанубу шарқӣ, Туркия, Канада, ИМА, Мексика, Бразилия ва кишварҳои Ховари Миёна азият мекашанд. Гуфта мешавад, ки гармии ғайримуқарарии ҳаво дар натиҷаи партоби газҳои гулхонаӣ, ба ҳавои атмосфера ва падидаи табиии Эл-Нино, шиддат мегирад.