Ҳамкории байнибонкии Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ шуд

Ҳамкории байнибонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл П.Микаллер дар Душанбе баррасӣ гардид, иттилоъ доданд аз Бонки миллии Тоҷикистон.

Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ ва низоми бонкии мамлакат, муътадилии сатҳи таваррум ва қурби пули миллӣ ибрози назар намуда, доир ба як қатор масъалаҳо, аз қабили таҳкими суботи молиявӣ, зиёд кардани дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, арзёбии сифати аудити дохилӣ мубодилаи афкор намуданд.

Таъкид шуд, ки айни замон кор дар самти таҳияи марҳилаи чоруми кумаки техникӣ, ки ба беҳтар кардани мониторинг, таҳлил ва арзёбии нишондиҳандаҳои асосии устувории молиявӣ равона шудааст, идома дорад.

Раиси Бонки миллӣ Фирдавс Толибзода изҳор намуд, ки ҳамкорӣ дар самти ҷалби кумаки техникӣ ва машваратӣ ҷиҳати нигоҳ доштани субот дар бахши пулию қарзӣ ва молиявӣ, беҳтар кардани сиёсати макропруденсиалӣ ва арзёбии хавфҳои низом, таҳкими минбаъдаи механизмҳои танзиму назорати ташкилотҳои қарзии молиявӣ, амнияти иттилоотӣ, мубориза бо таҳдидҳои киберӣ, рушди бозори коғазҳои қиматнок ва таҳкими назорати фаъолияти низоми пардохт ва дар амал татбиқ намудани бандҳои “Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” идома хоҳад ёфт.