Сарвазири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Свердловски Русия мулоқот намуд

7 июл дар доираи сафари корӣ ба Федератсия Русия Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар шаҳри Екатеринбург бо Губернатори вилояти Свердловск Евгений Куйвашев мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар»

Дар мулоқот Қоҳир Расулзода Федератсияи Русияро шарики асосии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон номида, саҳми вилояти Свердловскро дар рушди муносибатҳои дуҷониба баланд арзёбӣ кард.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили рушди ҳамкориро дар соҳаи саноати кӯҳӣ, энергетика ва кишоварзӣ баррасӣ намуданд.


Татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи маориф низ дар меҳвари мулоқоти ҷонибҳо қарор дошт.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати иштирок дар Намоишгоҳи 14-уми байналмилалии саноатии «INNOPROM» дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия қарор дорад.