ДАСТАИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН (U-20) ДАР ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024 ҲАМСОЛОНИ ХУД АЗ АФҒОНИСТОНРО ШИКАСТ ДОД

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар даври дуюми мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ тими ҷавонони Афғонистонро мағлуб кард.

Ин бозӣ 7-уми июл дар варзишгоҳи «Қурмонбек»-и Ҷалолобод баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи дастаи мо анҷом ёфт. Аз ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Азизбек Далиев гол зад.

Дар даври баъдӣ рӯзи 9 июл мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Қирғизистон вомехӯрад. Вохӯрӣ соати 21:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Манбаъ: fft.tj