Баргузории муколамаи тиҷоратии Ҷопон ва Осиёи Марказӣ

4 июли cоли 2024 бо ибтикори Ассотсиатсияи тиҷорат бо Русия ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ROTOBO) Муколамаи тиҷоратии Ҷопон ва Осиёи Марказӣ доир гардидааст.

Тавре Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад, намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, иқтисод, тиҷорат ва саноати Ҷопон, инчунин доираҳои тиҷоратии Ҷопон зимни баромадҳои хеш таваҷҷуҳи бесобиқа афзоишёфтаи тиҷорати Ҷопонро ба минтақаи Осиёи Марказӣ таъкид намуданд.

Сафири Тоҷикистон дар Ҷопон зимни баромади хеш зарфиятҳои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, имкониятҳои сармоягузорӣ, захираҳои табиии Тоҷикистон ва инчунин тавонмандиҳои инсонии кишварро таъкид намуд.

Дар хотимаи Муколамаи тиҷоратӣ, Изҳороти муштарак миёни сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ROTOBO ба имзо расид.

Дар кори муколама намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, иқтисод, тиҷорат ва саноати Ҷопон, роҳбарони кумитаҳо оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат намуданд.