Имрӯз дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров нишасти хабарӣ бо иштироки таҳиягарони филми ҳунарии “Моҳи дар шаст” баргузор гардид.
Тавре ҳамкорамон Сарвинози Сайдалӣ аз рафти ин нишасти хабарӣ иттилоъ медиҳад, филми ҳунарии “Моҳи дар шаст” аз рӯйи филмномаи Бахтиёр Каримов ва коргардонии Муҳиддини Музаффар рӯйи навор омадааст. Филм дар ноҳияҳои Бӯстон, Айнӣ, Панҷакент, Муъминобод, Ваҳдат, Норак ва Душанбе наворбардорӣ шуда, дар он беҳтарин ҳунарпешагони Тоҷикистон, Руссия ва Эрон ҷалб карда шуданд. Аз ҷумла, ҳунарпешагони театру синамо Сайёра Сафарӣ аз Россия, Шаҳло Раҳимӣ аз Эрон, Хуршед Мустафоев, Исфандиёр Ғуломов, Моҳпайкар Ёрова, Асалбек Назриев, Асланшоҳ Раҳматуллоев аз Тоҷикистон нақшҳои гуногунро иҷро намуданд. Филми мазкур барои ҳамкориҳои минбаъдаи синамогарони Тоҷикистону Эрон ва Россия заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ёдовар мешавем, ки банду баст ва корҳои баъд аз наворгии филм идома дошта, он инъикосгари манзараҳои зебои кишварамон ва тарзи зиндагии онҳо мебошад.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои “Тоҷикистон”