Таҳти унвони “«Гардиши девбод» дар нақди адабӣ” китоби наве дар таҳияи номзади илми филология Хуршеда Ҳошимова ба нашр расид. Дар ин хусус номбурда ба Радиои Тоҷикистон хабар дод.
Китоби мазкур зери назари доктори илми филология, профессор Абдулҳай Маҳмадаминов чоп шудааст.
Дар ин китоб романи таърихии Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад «Гардиши девбод» мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Маҷмуа ҳамчунин тақризҳои дар маҷаллаву матбуоти даврӣ ба чоп расидаи адабиётшиносонро низ дар бар мегирад.
Китоб барои дӯстдорони адабиёт, муҳаққиқони эҷодиёти нависанда, унвонҷӯён ва аҳли илму адаб судманд хоҳад буд.
Бояд ёдовар шуд, ки романи Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад «Гардиши девбод» соли 2013 дар шакли китоби гӯё дар Радиои Тоҷикистон таҳия шуда, бо садои наттоқи тоҷик Абдурашид Хуҷамқулов пахш шудааст.