Имрӯз дар МД-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи “Раванди оби Душанбе” Форуми байналмиллалии парламентӣ оид ба КБР 30:” Захираҳои об ва устувории демографӣ ба манфиати ҷавонон” баргузор гардид.
Дар кори он вакилони парлумоҳои 20 кишвари ҷаҳон ва намояндагони минтақавию кишварии ниҳодҳои байналмиллалӣ иштирок намуданд. Форуми байналмиллалии парламентиро Раиси МНМО- ҶТ. Маҳматтоир Зоирзода ифтитоҳ бахшида, меҳмонон ва иштирокчиёни ин ҳамоиши сатҳи баландро ба кишвари зебоманзари Тоҷикистон аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хусусан аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хайрамақдам гуфта, ба кори Форум барору муваффақият таманно намуд.
Таъкид рафт, ки роҳандозии Форуми имрӯза барои муаян намудани афзалияти устувории демографӣ, баробарии гендерӣ, тавсеаи ҳуқуқу тавонмандиҳои ҷавлнон, амнияти об ва амалҳо оид ба тағирёбии иқлим баҳри ноил шудан ба рузномаи Конфронси байналмиллалӣ оид ба аҳолӣ ва рушд ва инчунин Ҳадафҳои рушди устувор замтнаи мусоид фароҳам хоҳад овард.