РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Баргузории Форуми байналмилалии пиряхҳо дар меҳмонхонаи “Серена”

Дар доираи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» имрӯз дар меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе форуми байналмилалии пиряхҳо доир гардид.

Дар форуми мазкур Сулаймон Ризоӣ, Муовини сарвазири ҶТ, Баҳодур Шерализода раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҲҶТ ва Ҷаноби Каха Имнадзе намояндаи махсуси дабири кулли СММ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуда сухарнорӣ карданд.

Форуми байналмилалии пиряхҳо бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи тағйирот дар криосфера дар шароити тағйирёбандаи иқлим, инчунин баланд бардоштани огоҳии минбаъда дар бораи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) ва Рӯзи пиряхҳо, пешниҳоди Харитаи роҳ оид ба татбиқи Соли байналмилалии пиряхҳо ташкил карда шуд.

Зоирзода Рустам