Имрӯз дар МД- ии Китобхонаи милли Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронси байналмиллалии амал” Об барои рушди устувор, солҳои 2018- 2028″ Форуми оби Африқо баргузор гардид.
Дар кори он намояндагон аз сохторҳои марбутаи Тоҷикистон ва Африқо ширкат дошта, роҷеъ ба таҳкими пешрафт дар тадбиқи мавқеи умумии Африқо ва паёмҳои калидӣ, ки дар Конфронси оби СММ дар соли 2023 пазируфта шудааст, барассӣ намуданд. Гуфта шуд, ки Форуми оби Африқо ба ҷонибҳои манфиатдор имкон медиҳад, ки корҳои нотамомро муаян кунанд ва мавзӯҳои навро дар бахши обрасонӣ ва беҳдошт дар Африқо таҳия намоянд.
Инчунин гуфта шуд, ки муҳокимаҳо дар Форум инчунин дар таҳия ва ташаккули Консепсияи оби Африқо барои давраи баъд аз соли 2025, ки ба эҳтиёҷоти воқеии Африқо ҷавобгӯ аст, мусоидат менамояд.
Дар фароварди форум тазаккур дода шуд, ки ҳадафи Форуми оби Африқо ин ҳамгироии унсурҳои даҳсолаи амал оид ба об дар рузномаи баъдӣ дар давраи пас аз соли 2025 барои тадбиқи ҳамоҳангшуда ва идоракунии самаранокии захираҳо мебошад.