Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Канат Бозумбоев дар конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар шаҳри Душанбе зикр намуд, ки раванди оби Душанбе як платформа барои таҳияи роҳҳои нави ҳалли мушкилоти глобалии об вобаста ба тағирёбии иқлим, идоракунии обҳои муштарак ва татбиқи созишномаҳои байниҳукуматӣ мебошад.
Зимни суханронии худ муовини нахуствазир таъкид кард, ки Қазоқистон аз ташаббусҳои ҷаҳонӣ оид ба рафъи оқибатҳои тағйири иқлим, инчунин кӯшишҳои Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои об комилан дастгирӣ мекунад.
«Мушкилоти таъсири иқлим ба захираҳои об сарҳад надорад. Мубориза ба тағирёбии иқлим ва норасоии об ҳамкории ҳамаи кишварҳо, сафарбар кардани тамоми нерӯҳо ва воситаҳои имконпазирро тақозо мекунад. Қазоқистон кишварест, ки тақрибан нисфи захираҳои обии худро бо ҳамсоягонаш тақсим мекунад. Ва барои мо ҳамкориҳо дар маҷрои обҳои фаромарзӣ дар заминаи таъмини идоракунии самараноки об ва ҳифзи экосистема муҳим аст”, – гуфт муовини сарвазири Қазоқистон Канат Бозумбоев.
Баҳруллои М.