Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин рӯйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла иштироки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими видоъ ва изҳори таъзия бинобар даргузашти фоҷиавии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ дар шаҳри Теҳрон, сафари давлатии президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон, вазъи саноати истеҳсоли семент дар Тоҷикистон, бартарафсозии паёмади офатҳои табиӣ рӯзҳои охир дар манотиқи кишвар ва дигар мавзӯҳо матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 21 май хабар дод, ки оби рӯди Шохдара аз канали муваққатӣ, ки барои сохтмони сарбанди нерӯгоҳи “Себзор” сохта шуда буд, ба маҷрои муқаррарӣ равон гардид. Фохир Юсуфбеков роҳбари лоиҳаи сохтмони НБО «Себзор» иттилоъ дод, ки сарбанди нерӯгоҳ бо дарозии 60 метр ва баландии 8,5 метр сохта шуд.
Бояд гуфт, ки НБО «Себзор» бо иқтидори 11 мВт бунёд шуда, тибқи нақша, то охири моҳи ноябр агрегати якуми он мавриди истифода қарор мегирад. Сохтмони Нерӯгоҳ ба рушди минбаъдаи саноат дар вилоят, аз ҷумла бунёди корхонаҳои саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кор, заминаи воқеӣ фароҳам меорад. Ҳамчунин, барои 400 нафар хонандаи деҳоти гирду атроф бинои нави таълимӣ бо таъмини ҳамаи шароитҳои замонавии таҳсил сохта, мавриди истифода қарор мегирад.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 20 май бо нашри матлабе изҳори нигаронӣ аз он мекунад, ки тайи солҳои охир ҷойи ороишоти миллию табии зеборо усулҳои ба қавле “замонавӣ” гирифтан доранд, ки силсилаи натиҷаҳои дигари манфӣ ва ба фарҳанги миллӣ таъсиргузорро дунбол хоҳанд дошд. Ба таъкиди муалиф гап сари мафҳуми хеле маъмули “ботокс” меравад.
Муаллиф савол гузоштааст, ки чаро занону духтарони мо дидаву дониста аз ин дору истифода мебаранд? Модоме ки маънои калимаи “toxin”(токсин) ин худ заҳр мебошад.
Ба гуфтаи муаллиф, назари мутахассисон ва мушоҳидаҳои дар рафти омӯзиши мавзӯъ анҷомшуда, масъалаи беназоратӣ дар фаъолияти кошонаҳои ҳуснро низ ошкор кард. Бо назардошти ин, ба таъкиди муаллиф, муҳим аст, ки сохторе бояд ҳадди ақал аз натиҷаҳои зиёновари чунин амалиётҳо ҳамчун сохтори масъул ҷилавгирӣ кунад ё воридоти дорувории бесифатро то расидан ба кошонаи ҳусн зери назорату тафтиш қарор дода бошад.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 22 май мақолае бо номи “Барқи офтобӣ. Дар истифода аз ин нерӯи ояндадор набояд таъхир кард” чоп карда, менависад, ки аз 1-уми апрели соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ҳангоми лоиҳакашӣ ва ба истифода додани биноҳо, сарфи назар аз шакли моликият, насб кардани таҷҳизоти таъмини энергияи офтобӣ бо назардошти захираи нерӯи барқ ҳадди ақал барои як рӯз ҳатмӣ аст.
Дар идомаи ин мавзӯъ таъкид мешавад, ки мувофиқи ҳисоби коршиносон, арзиши нерӯи барқи таҷҳизоти офтобӣ дар муқоиса бо нерӯгоҳи ҳароратии бо ангиштсанг фаъолияткунанда 50 дарсад арзонтар аст.
Аз рӯи маълумоти Эътилофи байналмилалии офтобӣ, ки 120 кишварро муттаҳид месозад, соли равон барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ 380 миллиард доллар маблағгузорӣ мешавад, ки ин нисбат ба соли сипаришуда 23 дарсад зиёд аст.
Дар ин замина муаллиф ёдовар мешавад, ки тибқи қарори ҳукумат «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024» Вазорати энергетика ва захираҳои об вазифадор гардидааст, ки барои татбиқи лоиҳаҳои марбут ба бунёди нерӯгоҳҳои барқи офтобӣ ва бодӣ, ҷиҳати то соли 2026 ба ҳаҷми на кам аз 1000 мегаватт расонидани иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли «энергияи сабз» дар Тоҷикистон иқдом кунад.
Нашрияи “Садои мардум” инчунин дар матлаби дигари хеш бо номи “Дар гаравхонаҳо қонун чаро сарфи назар мешавад?” аз фаъолияти бархе гаравхонаҳо дар кишвар изҳори нигаронӣ кардааст.
Муаллиф менависад, эътироф бояд кард, ки дар фаъолияти баъзе аз гаравхонаҳои кишвар камбудиҳо мавҷуданд, ки ба баланд будани фоизи қарз, ғайрикасбӣ муайян намудани иёри металлҳои қиматбаҳо, вазн ва арзиши маснуоти заргарӣ рабт дорад. Қисми зиёди шаҳрвандон аз муқаррароти қонунгузорӣ доир ба ин масъала огоҳ нестанду масъулини ломбардҳо талаботи мазкурро сарфи назар мекунанд.
Дар идома гуфта мешавад, ки мутаассифона, бо вуҷуди соҳибқонун будани соҳа бардошти мардум аз фаъолияти гаравхонаҳо мусбат набуда, аксарият аз раванди баргардонидани молу мулки багаравмонда нигаронанд. Чунки ҳангоми баргардонидани гарав қарзгиранда бояд на танҳо маблағи қаблан гирифташуда, балки фоизи муайянро ҳам пардохт намояд. Шарту меъёри пардохт дар гаравхонаҳо низ гуногун мебошад.
Ба хулосаи муаллиф, вобаста ба баҳогузории молу мулки ба гарав гузошташаванда, шарту шароити қарздиҳӣ, фурӯхтани молу мулки багаравмонда камбудию суиистифода зиёд буда, ҳамоҳангии мақоми ваколатдори давлатӣ ва шаҳрвандонро тақозо дорад.
Нашрияи “Ҷаҳони паём” дар шумораи рӯзи 22 май хабар медиҳад, ки ахиран як гурӯҳ рӯзноманигорони Ҷумҳурии мардумии Чин аз Тоҷикистон боздид карда, бо фаъолияти расонаҳои хабарии кишвари мо ошно шуданд. Аз ҷумла рӯзноманигорони Чин аз фаъолияти телевизиони “Тоҷикистон“ ва телевизиони “Сафина” аз наздик шинос шуда, ҷараёни таҳияи барномаҳо ва пахши мустақими бахшҳои хабариро назорат карданд.
Дар доираи ин сафар миёни Кумитаи телевизион ва радиои Ҳукумати Тоҷикистон ва “Ширкати телевизион ва радио, ВАО-и Шенсӣ” аз Ҷумҳурии мардумии Чин ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ имзо шуд.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 23 май ин саволро матраҳ кардааст, ки дар Тоҷикистон ҳаворо чи бештар олуда мекунад – нақлиёт ё корхонаҳо? Муаллиф менависад, таҳлили маълумоти Агентии омори Тоҷикистон дар солҳои 2012-2022, нишон медиҳад, ки дар давоми 10 сол дар Тоҷикистон ихроҷи моддаҳои зараровар ба фазо 1,8 баробар зиёд шудааст.
Дар ин давра ҳаҷми умумии партови моддаҳои зараровар ба фазо дар Тоҷикистон 4526 ҳазор тоннаро ташкил дод. Маншаи асосии ифлосшавии фазо нақлиёт аст, ки 88% ҳаҷми умумии партовҳоро ташкил медиҳанд, дар ҳоле ки мизони ихроҷи моддаҳои зараровар аз сӯи корхонаҳо ҳамагӣ 12 дарсад аст. Ин маънои онро дорад, ки манбаи асосии ифлосшавии ҳаво дар Тоҷикистон нақлиёт аст.
Нашрияи “Боҷу хироҷ” дар шумораи инҳафтаинааш хабар дод, ки тибқи фармоиши Кумитаи андоз, баъд аз дастрас намудани огоҳинома аз ҷониби нозиротҳои андоз дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе, минбаъд таъмини андозсупорандагон ё иваз намудани дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавии насли нав аз ҷониби ширктаи “Технология Гурупп” ройгон анҷом дода мешавад. Шумораи дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавии бақайдгирифташуда ба ҳолати 1 майи соли 2024, дар маҷмуъ, 4302 ададро ташкил медиҳад.
Дар ин замина гуфта мешавад, ки афзоиши ҳиссаи амалиёти анҷомдодашуда тавассути дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавии насли нав аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ низ ба назар мерасад. Аз ҷумла аз ҳисоби 392 адад шахси ҳуқуқӣ аз 18,6 млн сомонии амалиёти анҷомдода тавассути дастгоҳҳои насли нав дар моҳи марти соли 2023, ин нишондод дар моҳи марти соли 2024 ба 21,5 млн сомонӣ зиёд гардидааст ва афзоиши он 2,9 млн сомонӣ ё 115,7 дарсадро ташкил медиҳад.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”