Вобаста ба паёмадҳои харобиовар боришоти ахир дар кишвар 23 майи соли 2024 соҳибкорони муваффақ ва фаъолони диаспораи тоҷики муқими шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ба аҳолии ноҳияҳо ва деҳаҳои осебдидаи кишвар, ба монанди шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Варзоб, деҳаи Гулистони ноҳияи Восеъ ва шаҳраки Хуросон кумаки башардӯстона иборат аз 1100 халта орд, 800 қуттии равған, ки вазни умумии он беш аз 70 тонна ва маблағи умумии онҳо 360 ҳазор сомониро ташкил дод, кумак расониданд.
Дар ин бора Консулгарии генералӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Алмаато дар саҳифаи фейсбукии худ хабар додааст додааст.
Ёдовар мешавем, ки дар моҳи май пас аз боришҳои пай дар пайи борон ва ба амал омадани селу обхезиҳо ба аҳолии як қатор ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонида шуд.